Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳамгунаи «девона»-и ҳақҷўи сиёсӣ,
Ларзонда ба доруи сиёсӣ,
Яъне лагаду мушти саногўи сиёсӣ
Маҳкум нишонӣ?
Ё оминазин1 додаву мастона биронӣ?
Аммо, ту чунонӣ, ту чунонӣ, ту чунонӣ,
Эҳсоси дили хок чӣ гўям,
Эҳсоси дили хеш надонӣ?
Он дам ки дилат дар ҳаваси бўса биҷўшад,
Сўям назари шавқ кушоӣ,
Гоҳе бинавозӣ,
Гоҳе лабу абрўй бисоӣ,
Паҳлў занӣ бо завқ
Бар фарқи сари ишқи замин чун ба ниҳолӣ,
Аммо дами дигар,
Бар ишқи замин теғ расонӣ,
Ё гову хари хеш чаронӣ,
Гову хари ту ишқи заминро
Чандон бичарад бо ҳавасу васвасаи гарм,
К-аз дидани он шавқи чаридан
Андар дили ту низ тапишҳо кунад эҷод,
Аммо ту чаридан натавонӣ, натавонӣ... Натавонӣ...
РУҶЎЪ
Як даст то ба бозу,
Ду пой то ба зону,
Чун лўлаҳо халида
Дар пушти пуштаву кўҳ.
Ҷисме таламбаи зар2
1
Доруе, ки ба беморони рўҳ диҳанд
2 Таламба-насос

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё