Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тундар нашунидӣ?
Ин наъраи сурх аст, ки гардун зи гулў рехт
Аз нози тару сабзи замин гўши заминро,
Бо панҷаи борон
Дорад силаҳо дўши заминро,
Гўё ки раги ҷони фалак пушта ба пушта
Тарпанҷаи шорандаву ларзона кушода,
Аз баҳри навозиш зи таги чодари абрӣ
Дуздида ба пистони замин панҷа ниҳода.

Гулхези замин нест, ки гулшарми замин аст;
Чун духтараки навраси нав бўса чашида,
Аз шарм замин сурх шуда то ба баногўш.

Аз оби навозишгари гардун
Обастанашу ҳуснкушоиш занона,
Бо докаи абре, ки диҳад дояи бодаш
Рў поккунон доғзудоиш занона...

Ҷони ту ки печида ба тўри асаби туст,
Як нусха ба ҳампечии ҷони асаби ўст,
Чун Мавлавии Балх ҳамаъсоби замин бош,
Бошад ки биёбӣ
Монанди ману Мавлавии Балх забоне
Якумра баранда,
Боре набуранда...

Эй бехабар аз ишқи замину дили нозаш
Бо ман назанад рўй гар эҳсоси дили хок,
Тарсам, ки замин аз нафаси гарми муҳаббат
Девона шавад пок.
Оё битавонӣ
Аз ҷўши ҷунунаш бинишонӣ?
Девонагаҳе сохтӣ оё ки заминро?
Ҷо дода паси панҷараҳояш,

пешина
аз 186
навбатӣ