Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Бўсад ў Балхгуна рўи нур,
То чу оташ даруну берун пок
Пар кушояд ба сўи гардун пок...
Нури ҷон нест дар замини сахун,
Раҳни нурист чун замини забун,
Нурӣ он қадр муқтадир шуда,
К-аз замин то асир асир шуда.
Нури моро чу нори нурӣ сўхт,
Нуриёнро сарои дуре сўхт,
Вахш1 аз Вахшу Вахшур2 аз Вахшон
Сўи ў рафта ҳамчу нур аз ҷон.
Бе сухан курсии Сухан бурданд,
Бо сухан қурсаи замин хўрданд.
Мекунам шарм, ки худои сухан
Чун Камол аст дар Сарои3 сухан.
Шоху барги зарини Ҳуми сафед
Рўсиёҳӣ ба пеши хок кашид.
Варзу варзонаи адолаткор,
Фарзу фарзонавор, хору хумор.
Маснади нур нанги роҳам буд,
Ҳайкали санг санги роҳам шуд.
Суда пешинаро чу ҳайкали ранг4
Судапешонаам чу ҳайкали санг...
Тўдаи пудаи заминбозон,
Безамина замона пардозон,
Пешбинони сар ба дунбола,
Боли дун баста аз пари кола,
Марзҳоро зи бун забун карданд,
Порае кўҳнаколагун карданд.
Тўр дар дасти кор реши равон,
Баҳру дарёшикор реши равон,
1 Фариштаест, ки нигаҳбонии об бо ўст.
2 Ба маънии пайғамбар
3 Камоли Хуҷандӣ дар Сарой зиндонӣ буда.
4 Фиреб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё