Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Аз ин тарсидаму тарсидам аз он,
Зи доно ларзаам бину зи нодон.
Зи гармо сўи соя медавидам,
Дуруди барфам омад, ки: – Зимистон!
Фалак аз васли мо гуфту расо гуфт,
Малак аз асли мо гуфту сафо гуфт.
Биёву бо малак ҳамдостон шав,
Беҳини шодиён тўйи вафо гуфт.
На хун аз ҷисми мо ҳар ҷо равон шуд,
Баҳои содагии мо равон шуд.
Магў: «– бо зиракӣ як ҷон харидам»,
Ба як ҷонат ҳазорон ройгон шуд.
Тафаккурҳои зиндонзо чи беш аст,
Шағоди Рустами даврони хеш аст
Басе шўҳрат, ки зад санги маҳалбоз,
Маҳалро худ, вале, зиндони пеш аст.
ДОСТОНҲО
ДАР ҲОШИЯИ МУХАММАСИ «ЗЕРИ ТЕҒ»-И
АБДУРАҲМОН МУШФИҚӢ1
Одамизода вориси хирад аст,
Бехирад ғайри насли ҳайвон нест.
БЕДИЛ
ЗАБОНИ ОТАШ
Чашмаи Хизри дини шоирҳо,
Осмону замини шоирҳо,
Эй миёнҷӣ миёни нури Худо,
Дар замин нардбони нури Худо.
В-эй дар оин ашо2 бино карда,
Оташ-ойинаи Худо карда,
Зардуҳишти наҳишта аз нася,
Донаи нақд кишта аз нася,
Зад забонат забона оташро,
Гули дин шуд тарона оташро.
З-ин гулат баргаке ба ҳукми қазо,
Чун забон дар даҳон гирифт Исо...
Гар сухан дорад орзуи нур
1 Эй Мушфиқӣ, ман дар болои ин таковари бодрафтор савор мешавам, ту дар зери рикоби ман қарор гир. Ман маркабро меронам, ту пойи бараҳна давида, бетааммул ва бетаваққуф чунон шеъре гўй, ки ба забонат асло калолате (кундӣ) ва гирифтагӣ пайдо нашавад ва агар калолате дар забонат пайдо шавад, қасам ба оварандаи лайлу наҳор ва паварандаи гулу хор, розиқи мўру мор, яъне молики ҷаббор, ки ин теғро бар фарқат мезанам ва ба ду тақсими баробар мешавӣ. (Ривояти фармоиши Абдуллохон ба Абдураҳмон Мушфиқӣ).
2 Ашо-аз дидгоҳи Зардушт назм ва қонун ва ростӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи фардӣ ва кор ва кўшиш ва иқтисоди зироъӣ ва равиши зиндагии иҷтимоӣ ва гурўҳӣ ва барқарории адл ва мусовот ва... («Авесто»
навишта ва таълифи Ҳошим Разӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё