Олимон

Солҳои 1960-1963 дар Академияи илмҳои ҷамъиятии КМ КПСС (Маскав) таҳсил карда, ба гирифтани унвони илмии номзади илмҳои фалсафа нойил гардидааст.
Баъдан ҷонишини мудири Шуъбаи идеологияи КМ ҲК Тоҷикистон, муовини аввали вазири маданият ва солҳои 1968-1979 мудири Шуъбаи маданияти КМ ҲКТ, раиси Кумитаи давлатии матбуоти Тоҷикистон, солҳои 1990-1996 раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, солҳои зиёд узви Кумитаи шӯравии ҳамдилии мамолики Осиёву Африқо, узви КМ ҲКТ, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 8-11) будааст.
Солҳои 1990-2002 раисии Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба адабиёт, санъат ва меъмориро бар ӯҳда дошт Маҳсули илмии Холмурод Шарифов дар китобҳои «Меҳнати ҷамъиятӣ ва инкишофи шахсият» (1962), «Техника. Труд. Человек» (дар китоби «Труд как фактор развития личности»; Маскав, 1963), «Ташаккули одами нав» (1965), «Социалистическая культура таджикского народа» (1974), «Омилҳои педагогӣ ва психологии кори ҳизбӣ-сиёсӣ»
(1971) ва ғ. ба табъ расидааст. Хусусан, асари «Бунёди маънавии одами нав» (1977, 1984) аз тарафи ҳамагон хуш пазируфта шудааст. Бисёр навиштаҳои публитсистии ӯ дар матбуоти Тоҷикистон ва хориҷӣ чоп шудаанд.
Солҳои охир чун нависанда, публитсист, санъатшинос ва хотиранигор шуғл меварзад. Асарҳои ӯ «Гард дар мижгон»
(1972), «Нақши хотир» (1988), «Зов памяти» (1989), «Рози дил» (1991), «Оламафрӯзон» (1992), «Сарнавишт» (1994), «Алтернатив» (2001), «Ахтарони фарҳанг» (2002), «Меҳрнома» (2004), «Ҷаҳони Марям Исоева» (2011), «На звездном празднике столетья» (2014) ва ғ. дар инкишофи жанри очерку портрету ҳикоя, хусусан, сафарномаву ёддоштнависӣ дар адабиёти тоҷик саҳм гузоштааст.
Бо орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони фахрӣ», ва медалу ифтихорномаҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё