Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мактаби миёнаро бо медали тилло соли 2001 ва омӯзишгоҳи омӯзгориро соли 2004 бо дипломи сурх хатм намудааст. Вай ба факултаи филологияи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро бо дипломи аъло соли 2009 ба итмом мерасонад. Дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба кори таълиму тарбия машғул буд. Аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба шогирдон дарс мегуфт. Аз соли 2013 ба журналистика машғул шуд. Вазифаи муҳарририи нашриёти давлатии «Адиб»-ро ба ҷо меовард.
Ҷалолова Шаҳодат аз соли 2004 ба шеърнависӣ даст зад.
Шеърҳояш дар нашрияҳои гуногун ба табъ расидаанд.
Китобҳояш солҳои 2009 ва 2012 бо номҳои «Пироҳани нур»
ва «Парвоз дар қафас» нашр шудаанд. Адибаи ширинбаён Шаҳодат соли 2012 ба аъзогии ИН Тоҷикистон пазируфта мешавад.

Юнус Юсуфӣ 15 марти соли 1955 дар деҳкадаи Моғиёни ноҳияи Панҷакент зода шуд, Соли 1972 мактаби миёнаи рақами 8, ба номи Абӯалӣ Синои деҳа ва соли 1976 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кард. Муддате чанд дар зодгоҳ омӯзгор буд, пас аз хидмати аскарӣ дар театри халқии шаҳри Панҷакент дар вазифаи мудири бахши адабӣ фаъолият намуд. Солҳои 1984-1987 ба сифати тарҷумон дар Афғонистон кор кард. Аз соли 1987 то 2000 дар рӯзномаи «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент вазифаи мудири шуъбаи адабиётро ба дӯш дошт. Ҳоло муовини раиси ИН буда, чанд муддат мудири шуъбаи насри маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» буд.
Маҷмӯаи ҳикояҳояш «Садоҳо хомӯш намешаванд»Э, «Зан ва анкабӯт», «Афсонаи ҳафтдодарон», романҳояш «Оташафрӯз» ва «Шинак» «Адиби сол» эълон гардид. Узви Иттифоқи Нависандагон ва рӯзноманигорони Тоҷикистон аст. Бо ордени «Ситораи Сурх», Грамотаи Президиуми Шӯрои Олии СССР ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Юнус Юсуфӣ барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.

пешина
аз 34
навбатӣ