Олимон

Миршакар, У Раҷаб, Б. Ҳоҷӣ, Гулчеҳра, М. Фарҳат,
Нӯъмон Розиқ ва дигаронро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Баъзе шеърҳои ӯ ба забони тоҷикӣ, русӣ, қазоқӣ, туркманӣ, ӯйғурӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Ӯ ба забони тоҷикӣ ҳам шеър менависад дар матбуот бо мақолаҳо низ баромад мекунад.
Шоири ширинкалом Шодӣ Саттор аз соли 1978 аъзои
Иттифоқи журналистон ва соли 1986 аъзои Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Эҳсон Субҳон. 17 марти соли 1946 дар деҳаи Косатароши ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Мактаби 7-соларо дар зодгоҳаш хатм кард. Солҳои 1962- 1966 дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент таҳсил намуд. Соли 1966 бо роҳхати омӯзишгоҳи мазкур ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) қабул шуд ва онро соли 1971 муваффақона хатм кард.
Фаъолияти меҳнатии Эҳсон Субҳон дар нашриёти «Ирфон» оғоз ёфт. Муддате дар Саруправленияи ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуоти назди Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон ба сифати муҳаррир ва баъд дар рӯзномаи ноҳиявии «Зарафшон» ба вазифаи мудири шуъбаи саноату сохтмон кор кард. Солҳои 1972-1974 муаллими забон ва адабиёти мактаби миёнаи №25-и деҳаи Филмандари ноҳияи Панҷакент буд.
Ҳанӯз аз давраи донишҷӯӣ машқи қалам дошту дилбохтаи матбуот ва чандин мақолаву ҳикояҳояш дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расида буданд. Бо даъвати собиқ муҳаррири рӯзномаи «Маориф ва маданият» шодравон Бӯринисо Бердиева ба ин нашрия ба кор даромад. Муддати бист сол дар рӯзномаи мазкур, ки баъдҳо тағйири ном карда, бо номҳои «Газетаи муаллимон» ва «Омӯзгор» чоп мешуд, мудири шуъбаи мактабҳо ва узви ҳайати таҳририя адои вазифа менамояд.
Солҳои 1993-1997 дар мактаби №69-и зодгоҳаш ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё