Олимон

Соли 1975 мактаби миёнаи рақами 7-ро хатм кардааст.
Ҳамон сол ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, ба номи Қ.Ш.Ҷӯраев дохил шуда онро бо муваффақият хатм намудааст. Соли 1980-1981 муаллими таърихи мактаби миёнаи рақами 148 ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ), солҳои 1981-1990 муҳаррир ва баъдан, муҳаррири калони илмии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, сипас аз моҳи майи соли 1990 то моҳи апрели 2009 муовини директори Муассисаи нашриявии «Адиб» будааст. Баъдтар вазифаи директории ҳамин корхонаро бар ӯҳда дошт.
Дар ҷилдҳои 5-6-уми Энсиклопедияи советии тоҷик дар боби адабиёт ва санъат силсилаи мақолаҳояш интишор ёфтаанд. Дар таҳия ва чопи Энсиклопедияи адабиёт ва санъати Тоҷикистон (дар се ҷилд) ширкат варзида мақолаҳои зиёде навиштааст.
Муаллифи китобҳои «Фурӯғи сухан», «Олимақом», «Нашриёт, китоб, хонанда», «Иҷлосияи тақдирсози миллат»
(ҳамроҳи Усмонҷон Ғаффоров, 2012) мебошад. Китоби дарсии «Санъати тасвирӣ» (барои хонандагони синфи панҷум)- ро аз забаони русӣ ба тоҷикӣ гардондааст.
Аслан ба навиштани очерку публисистика машғул мебошад. Силсилаи очеркҳояш дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Адабиёт ва санъат» пайваста чоп мешуданд.
Аз он ҷумла очеркҳои «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», «Ёдгори зиндагии некмард», «Давлатқадаме, ки қадамаш нек бувад» ва ғайра.
Бо саъю кӯшиши ӯ дар давоми чанд соли охир теъдоди чопи китобҳои бадеӣ афзуда, сифати полиграфии онҳо беҳтар гардид. Аз ин ҷост, ки се сол паси китобҳои чопкардаи нашриёти «Адиб» дар Намоишгоҳи байналхалқии китоби Маскав ва Минс сазовори дипломҳои дараҷаи якум, дувум ва савум гардидаанд.
Ҳамзамон Ф.Каримов аз соли 2003, раиси Ассотсиатсияи ноширон, полиграфистон ва паҳнкунандагони китоби Тоҷикистон мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё