Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мубашшир Акбарзод 25 июли соли 1969 дар деҳаи Кулолии ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №7 ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии зодгоҳаш, соли 1986 вориди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон, ба номи В.И.Ленин шуда, онро соли 1992 хатм кардааст. Солҳои 1992-1994 ходими илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ будааст. Солҳои 1994-1999 муаллими мактаби миёна, 1999- 2002 ходими илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, 2002-2005 муаллими Донишгоҳи миллии ҶТ, 2005-2015 мудири шӯъбаи адабиёти классикии нашриёти «Адиб», 2015-2016 мудири шӯъбаи нақди адабии Иттифоқи нависандагони ҶТ. Айни замон мудири шӯъбаи Энсиклопедияи Тоҷикистон шуда фаъолият мекунад.
Маҷмӯаи мақолаҳояш «Сухан з-осмонҳо фуруд омадаст»
аз тариқи нашриёти «Адиб» (2008) ба табъ расид, ки паҳлӯҳои гуногуни адабиёти тоҷикро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар таҳия ва таҳрири силсилаи «Ахтарони адаб» (2007-2013), матни комили «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ (2012) ва «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (2013) ширкат варзидааст. «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айниро ба хати кириллӣ (2010) гардонида, ба нашр расонидааст.
Мубашшири Акбарзод аз соли 2007 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, бо нишон «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Баҳриддин Низомов. Зодаи деҳаи Роҷи, деҳшӯрои
Амондараи ноҳияи Панҷакент. Деҳқонзода, муълумоти
ибтидоӣ дошт. Августи соли 1942 аз тарафи комиссариати
ҳарбии шаҳри Панҷакент ба ҷабҳа фиристода мешавад. Дар
шаҳри Мурманск таълими низомӣ гирифта, то майи соли
1945 дар Фронти якуми Украина ба муқобили душман
ҷангидааст. Дар ҳайати полки 66-и тирандози дивизияи 108
буда, ҳангоми аз сарҳади Полша гузаштан дафъаи панҷум захмӣ мешавад.

пешина
аз 34
навбатӣ