Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДУБАЙТИҲО

Дилам аз зиндагӣ дарёи хун аст,
Бинои орзуям вожгун аст.
Агар кӯтоҳ бошад умр, ғам нест,
Ғамам аз дасткӯтоҳӣ фузун аст.

Шаберо ман ба ёдат рӯз кардам,
Фиғону нолаи дилсӯз кардам.
Шабе ки сард аз сармои дай буд,
Ба эъҷози сухан Наврӯз кардам.

Зи банди гесу, аз чоки гиребон
Сапедӣ мекунад субҳи ҷавонӣ.
Кушоям то дари қулфи дилатро,
Калиде дорам аз рангинбаёнӣ.

Пур аз обича пои оҳи ман буд,
Гиреҳи зиндагӣ дар роҳи ман буд.
Шабе, ки моҳро бигрифта буданд,
Канори ман тиҳӣ аз моҳи ман буд.

Дилам сӯзу гудози ишқ дорад,
Дилам майлу ниёзи ишқ дорад.
Раҳи ҳамвор андар ошиқӣ нест,
Дилам шебу фарози ишқ дорад.

Ҳаводори гули рӯи ту бошам,
Чу ору маст аз бӯи ту бошам.
Агар бошӣ қатори киштаи сабз,
Мисоли об дар ҷӯи ту бошам.

Дилам дар банди гесӯи ҳавасҳо,
Нигоҳам ташнаи рӯи ҳавасҳо.
Кафи пои дилам обичадор аст,
Чу умре медавад сӯи ҳавасҳо.

пешина
аз 118
навбатӣ