Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Покдил

Бо ҳама покиву иффат
Печ хӯрда меравад оташ,
Печутоби роҳ бошад покдилро бештар.

Як замоне

Як замоне бачча будам,
Баччаи гумроҳу нодон.
Ҳамраҳи як духтаре,
Духтари гулпайкаре.
Дар лаби ҷӯи шитобон,
Шоду хандон
Лойбозӣ менамудем,
Хонасозӣ менамудем.
Гоҳ-гоҳе бебаҳона
Баҳри ислоҳи ҳатоҳо,—
Баҳри зебоии хона
Ҷангҳое карда будем,
Ҷангҳои одилона.
Сад дареғо!
Рафт он айёми заррин,
Рафт он айёми рангин.
Нест ёри кӯдакиям,
Дар хумори кӯдакиям.
Шукр дорам, хонаам обод имрӯз,
Аҳли байтам бардаму дилшод имрӯз.
Нестам чизе камам,
Нест аз чизе ғамам.
Лек дорам ғусса дар дил, ки ба зудӣ
Баччагӣ гум кардаам,
Дар фироқаш рӯзу шаб озурдаам.
Кош, рӯзе даррасида,
Баччагии хешро пайдо кунам,

Бо ҳамон завқу хаёли баччагӣ Сарфарозиҳо кунам.
Гарчи мекобам варо, Ман намеёбам варо.
… Ҳа, кунун фаҳмидаам, Ки ҳамон ҷӯи равон, Ҳамчунин он духтарак Баччагиамро зи ман дуздида бурданд То ба дуриҳои дур, Ки ҳанӯзам барнагашта.

Саховат

Монанди раҳгузар
Ҳар кӣ қадам ба пойгаҳи осиё ниҳод,
Нагзошт ноумед, сарашро сапед кард.

Қалами ман

Қалами ман на пайи гуфтани матлаб бошад,
Қаламам баҳри сияҳ кардани мӯлаб бошад.

Ҷуз нақши пои хеш

Андар кавири ранҷу ҷудоиву бекасӣ
Ҷуз нақши пои хеш набошад асар маро.

Илтиҷо

Худовандо, Худои ранггардонам,
Яке некӣ бикун, хурсанд кун ҷонам.
Сафедиҳои дандонам ба рӯям бахш,
Сиёҳиҳои рӯямро ба чашмонам.

пешина
аз 118
навбатӣ