Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мисли ниҳоли борон
Сар то ба пот нозук.
Ду банди кокули ту
Чун байти обдор аст.
Печида домани ту,
Гирдоби рӯзгор аст.
Як умр мекашам тӯр
Дар роҳи Чилчанорон.
Аз тӯр мерамӣ ту
Чун кабки кӯҳсорон.
Чун новаи тилоӣ,
Яғмош бурда доно.
Эй заршиноси ҳастӣ,
Бурдӣ зи ман диламро.
Пуршӯру беқарорам
Чун оби Ёхсӯят.
Роҳам дароз, аммо
Бошам ба ҷустуҷӯят.
Ишқат қаламча кардам
Дар бешазори хотир.
Ранҷу азоби васлат
Ҳаргиз надорад охир.
Куштӣ ба нозҳоят,
Ай Ховалингидухтар.
Ҷонам шавад адоят,
Ай Ховалингидухтар.

Кавир

Кавирам, ташнаам, хушкам, зи лабҳот
Маро шодоб кун, то сабз гардам.

Нахли орзу

Дарахте ки нагардад пир—
Нахли орзу бошад.

Достони хазони гул

Аз варақҳои зарди гул хондам
Достони хазони умрашро.

Хомӯшак

Парвардаи хуни мо ба мо хеш нашуд,
Пайваста маро неш занад хомӯшак.

Сабзосабз

Бок не, сабзинаам,
Сабзрӯям,
Сабзмӯям,
Сабзҷонам,
Сабзимонам.
Чун варақҳои гули садбарг печида ба ҳам
Сабзи андар сабз
Орзую ормонам.

Ҷанговар

Хаста-хаста мегузорад по,
Сахту вазнин аст бори ҷанг.

Хоҷамӯъмин

Ситода асрҳое рӯ ба боло,
Чу пул байни замину осмон аст.
Тамоми сол ҳар кунҷу канораш
Биҳишти хосаи Хатлониён аст.

Бубинӣ печутоби қуллаҳояш
Ба сони саллаи чӯпон намояд.
Уқобе дар фазои беғубораш
Чу тоҷи давлати Сомон намояд.

пешина
аз 118
навбатӣ