Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Илтиҷо

Косаи чашми ман пур аз об аст,
То тавонӣ, пурӯ макун онро.

Гулсухан

Чу Наврӯз аст,
На танҳо хок,
Сухан дар шохи килкам мекунад гул.

Рафиқ

Навҷавонӣ рафт агар аз каф,
Нест ҷои ғусса хӯрдан.
Пириамро ман нахоҳам дод аз даст,
То лаби гӯр
Рӯи дӯши хеш мехоҳам варо бурдан.

Меъроҷ

Он қадар тирапарвар аст ин давр,
Ки алайҳи ману мақоми ман
Ёфт меъроҷ дуди танбоку.

Ирода

Чархи бозингар агар ки кӯзпуштам кард,
Ман Камони Рустамам, ки
Осмонро бо замин пайванд хоҳам кард.

Ҷайҳуни чашм

Нахли шеърам то диҳад бар,
Аз сари шаб то саҳар
Мекунам Ҷайҳуни чашми хешро серобтар.

Сано бодо
(Ба Ҳофизи мардумии Тоҷикистон Одина Ҳошимов)

Магар он Борбад шуд зинда аз нав,
Ки бо овози хуш дилро рабояд.
Ба сози ғижжаку тору дутораш
Гиреҳи мушкилиро мекушояд.

Каломи Ҳофизи Шероз бо ӯст,
Ва Мавлонои Балхӣ беш аз он.
Кунун Ҷомӣ, Ҳилолию Ироқӣ
Сухангӯянд бо табъи сухандон.

Бузург асту бузургон зинда донад,
Ба симояш бубинам ҳар якеро.
Чу қумрӣ лаҳни ӯ поку гуворост,
Ба овозаш шавам мафтуну шайдо.

Чу Мирзо қитъаҳоро тай намуда,
Бубинад шодию ғамҳои инсон.
Сурудаш чун «Садои Осиё» аст,
Ба ҳар ҷо менамояд шӯру исён.

Сано бодо ба ин хунёгари мо,
Ки фахри мардуми тоҷикзабон аст.
Мисоли Борбад ӯ зинда бошад,
Мисоли Борбад ӯ ҷовидон аст.

Ховалингидухтар

Куштӣ ба нозҳоят,
Ай Ховалингидухтар.
Ҷонам шавад адоят,
Ай Ховалингидухтар.
Ҳамчу насими кӯҳӣ
Раҳгаштанот нозук.

пешина
аз 118
навбатӣ