Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

З…….о, ту чун обу ҳавоӣ,
Гаҳе худ ошно, гаҳ н-ошноӣ.
Манам бечоратар аз дони гандум,
Ба бераҳмӣ ту санги осиёӣ.

Ромишгар
(Барои Муҳаммадбек Ғаниев)

Шоҳини савту навоят
Панҷа бар зоғи ғамам зад.
Чун гиёҳи кӯҳие, ки ташнаҷон аст,
Бо умеди қатраҳои риштаборон аст.
Нимашаб аз лутфи боронҳои созат,
Нағмаҳои дилнавозат
Нам кашидам,
Умри дигарбора дидам,
Аз навозишҳои ту,
Аз навозишҳои чун савти Аҷам волои ту
Мерасад бар гӯши ман:
Аллаҳои модарон,
Хандаҳои духтарон,
Розҳои шоирон,
Шӯру исёни ватанхоҳ
Сарбадорон.
Дар замини хотиру андешаҳоям
Мешукуфанд ин замон—
Лолаҳои комҷӯиву саодат,
Лолаҳои ишқу армон.

Зангӯла

Зангӯла садо дод,
Зангӯлаи охир.
Эй вой, ки моро
Имрӯз ҷудо мекунад аз ҳам
Чун ҳалқаи печидаи садпораи занҷир.

Зангӯла садо дод,
Алмос барин пора кунад шишаи хотир.
Зангӯлаи охир
Зангӯлаи тақдир.

Эътироф

Сафи дилбастагони шеъру сухан
Гарчи бисёр шуд чу қавми Чин.
Гоҳ-гоҳе шавам хиҷил, ки бувад
Нозимон бешу шоирон камчин.

Аз ҳама шоирони пешоҳанг
Ҳеҷ кас дар қатори Озар нест.
Озари шеър ҳаст дар дили мо,
Шеъри Озар вале муяссар нест.

Чароғи овехта

Чун чароғи барқ
Гарчи овезанд аз поям,
Боз месӯзам,
Роҳи марди дар сафарро то кунам равшан.

Ишқи аввал

Ишқи аввал инқилобе будааст,
Одамиро обутобе будааст.

Гарчи асли мақсадаш созандагист,
Гоҳ кори ӯ харобӣ будааст.

Ҷуръати мардона мехоҳад зи кас,
Ҷодаи пурпечутобе будааст.

Оварад фазлу бузургиро падид,
Дар кафи қисмат шаробе будааст.

пешина
аз 118
навбатӣ