Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чанд рубоӣ барои Роғун

Роғун, Роғун, ҳикмати Зардушт туӣ,
Бар фарқи рақибони Ватан мушт туӣ.
Бе бодаву бе айёғ мастем ҳама,
Ангуршароби мо ба чархушт туӣ.

Роғун, Роғун, шедфарӣ, эй Роғун,
Қандил ба ҳар бому дарӣ, эй Роғун.
Монанди садаф ҳаст агар кишвари ман,
Ту ҷой дар он чун гуҳарӣ, эй Роғун.

Роғун, Роғун, биҳишти моӣ, Роғун,
Ту сархати сарнавишти моӣ, Роғун.
Мо насли аҳуроиву хуршедфарем,
Гул карда ту аз сиришти моӣ, Роғун.

Шаҳномаи бахти халқ Роғун, Роғун,
Сармояву тахти халқ Роғун, Роғун.
Ҳаст аз самарат даҳони мардум ширин,
Минӯйдарахти халқ Роғун, Роғун.

Роғун, Роғун, пайки умеди мойӣ,
Тифли хирадӣ туву тарабафзойӣ.
Бо бунёди ту мекунад тоҷики ман
Дар мазҳаби Зардуҳишт побарҷойӣ.

Роғун, Роғун, субҳи сафоӣ, Роғун,
Занги дили моро бизудоӣ, Роғун.
Сад уқдаи мушкили ватандориро
Бо панҷаи гирот кушоӣ, Роғун.

Чун оина поку босафоӣ, Роғун,
Бемории ҷумларо давоӣ, Роғун.
То гунбади дил ситораборон бошад,
Чун чархи фалак ситоразоӣ, Роғун.

пешина
аз 118
навбатӣ