Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Аз ҳамин ҷо дӯстӣ оғоз ёфт,
Аз ҳамин ҷо қадрдонӣ бас фузуд.
Аз ҳамин ҷо дардҳо гардида нест,
Аз ҳамин ҷо мушкиле осон бишуд.
Нестам як соате аз ту ҷудо,
Исфара, эй чашмаи шеъри тарам.
Баъди меҳмонӣ агарчи рафтан аст,
Ман туро дар синаи худ мебарам.
Исфара, шифогоҳи «Зумрад»,
18.11.1990.
Пилтаи дар об
Ман чароғам,
Хира месӯзам.
Дар нагирад
Пилтаам дар равғани омеза бо об—
Оби чашмонам.
Ҳиммат
Офарин бод чархи гардунро,
Ки ба мо муфт аз раҳи ҳиммат
Шаб фурӯзад чароғи ахтарҳош.
Қадр
Гарчи дудам,
Нестам беқадр.
Ҳамнишини Озарам.
Пайсаи фаҳм
Колаи шеър бехаридор аст,
Пайсаи фаҳм нест мардумро.
Қуфли ғуфра
То набинам кӯрақлон,
Кӯрдилҳо,
Қуфл кардам
Ғуфраи чашмам.
Чокдӯз
(Ба модаре, ки се фарзандаш дар
ҷанг қурбон шудааст)
Чокдӯз асту чок медӯзад,
Ҳаст дар хидмати ҷавону пир.
Ҳар яке бо умед меояд,
Ёбад ӯ чораҷӯйро тадбир.
Дасти ӯ мокувор меҷунбад, Нест чоке зи дидааш пинҳон.
Лек се чоки қалби зорашро Дӯхтан нест баҳри ӯ осон…
23.12.1993.
Абрҳои ашк дар чашм
Ҳамчунон қавми гурезон,
Ҳар тараф паҳну парешон.
Абрҳои ашк дар чашм,
Абрҳои Тоҷикистон.
Ҳамчу дуди ҷанг тира,
Ҳамчу табъи халқ хира.
Абрҳои ашк дар чашм,
Абрҳои Тоҷикистон.
Ҳамчу маҷрӯҳи хазида,
Бо дили ханҷардарида.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё