Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чун шеър бошад оҳангу овоз,
Аз дил занад сар, бар дил равад боз
Бешак, набошад орӣ зи эъҷоз
Савту навои Азими Олим.

Рӯд

Аз шонаи кӯҳ
Ту мефароӣ.
Поку мусалсал
Ту менамоӣ.

Биме надорӣ
Аз барфу борон.
Бебок ҳастӣ
Чу сарбадорон.

Дунёи обит
Пур аз фасона.
Ноҷӯр астӣ
Мисли замона.

Сӯзанмижгон

Нигоҳам бар нигоҳат дӯхтам бо сӯзани мижгон,
Ба сӯзанмижжаҳо аз дил гирифтам хори ғам, эй ҷон.

Садоқат

Шохаам ман,
Шохаи пурбор.
Ҳаст нахлам Тоҷикистон.
Бишканам чун аз гаронборӣ,
Мефитам дар пои он.

Исёни муҳаббат

Чи суд аз шӯру исёнҳо,
Агар ки шӯру исёни муҳаббат нест.

Имоми Аъзам

Дасти субҳаш
Мекушояд пардаи зулмат.
Офтоб аст
Ҳазрати Нӯъмони Собит.

Гурез

Гарчи мегӯед дудам,
Нест аз болоравӣ судам.
Ҳарчи ҳастам-нестам,
Ман бо шумо будан намехоҳам.

Парчами зулф

Аз пар-пари он гираҳзада парчами зулф
Афтод гираҳ ба тори андешаи ман.

Талхоширин

Талаб талх аст, ширин кун
Варо бо бӯсаи ширин.

Шоирӣ деҳқонист
(Пайравӣ ба Лоиқ)

Байтҳоям ҳамчуноне ҷӯяҳои киштаи деҳқони тоҷик
Мешаванд обӣ зи дарёи дилам,
Муждагонӣ оваранд аз ҳосилам.
Ман мисоли оброне,

пешина
аз 118
навбатӣ