Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фасона

Гулзор атри мӯи нигорам рабудааст,
Булбул фиғону нолаи қалби маро фурӯхт
Аз шом то саҳар.
Бар гӯши гул фасона хамегуфту мегирист.

Қотил

Берун кашонад сар он ду пистон
Аз баҳри қатлам аз як гиребон.

Гаҳвора

Набошӣ як даме осуда ҳаргиз,
Ба монанди замини чархгардон.
Канори туст чун оғӯши модар,
Ки созад тифлро марди намоён.

Каҷакҳои пур аз нақши ту рамзанд,
Рамузи роҳу пайроҳи куҳистон.
Бигӯяд ҳар каҷак бар гӯши мо роз,
Ки роҳи зиндагонӣ нест осон…

Зи сози ҷунбишат эҳсос гардад,
Навои чашмаҳою обшорон.
Зи лаҳни тифли нози ширхорат
Расад овои кабки кӯҳсорон.

Шаб асту ҳамраҳат бедор бошад
Кавокиб аз самои беканора.
Ки фардо кӯчаки оғӯши покат
Кунад ҳифзи маҳу меҳру ситора.

Агарчи эътибори ту бузург аст,
Чу қалби ман намоӣ беқарорӣ.
Зи дасти модаре ҷунбӣ шабу рӯз,
Ту бо ҳастии модар пойдорӣ.

Ифшои роз

Эй З……., эй зани зебо,
Сӯхтам, сӯхтам барои ту.
Ҳеҷ кас мисли ман намебошад
Ошиқи нозу хандаҳои ту.

Ёд дорӣ, ки як замон бо ҳам
Ману ту ёру ҳамнафас будем.
Маст аз бодаи муҳаббат, маст,
Сӯхта з-оташи ҳавас будем.

Ёд бодо маро муҳаббати ту,
Ёд бодо туро муҳаббати ман.
Номи ман ҳаст нуқли сӯҳбати ту,
Номи ту ҳаст нуқли сӯҳбати ман.

Эй З……., эй зани зебо,
Эй З…….и ғамтаронаи ман.
Тарсам аз он ки ту намеоӣ,
Ва ба поён расад фасонаи ман.

Дӯстат дорад ин дили мискин,
Эй З…….и зарнигори ман.
Бе майи бӯсаҳот мемонад
То қиёмат ба дил хумори ман.

пешина
аз 118
навбатӣ