Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

лесикӣ ҳаматарафа таъсир расонида, ба ин восита услуби хоси забони соҳаҳои алоҳидаро ба миён оварданд.

Ба ҳамин тариқ, таркиби луғавии забони ҳозираи тоҷик аз ҳолати тореволюционии худ аз бисёр ҷиҳат ба куллӣ фарқ мекунад. Дар шароити социалистӣ забони миллии халқи тоҷик тараққиёти бузургеро аз сар гузаронд ва ҳартарафа такмил ёфт. Ин тараққиёт пеш аз ҳама дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ зоҳир гардид. Инкишофи таркиби луғавии забони тоҷикӣ имконият дод, ки фонди асосии луғавии он низ васеъ гардад ва ҳамчун яке аз манбаъҳои асосии мустақилияти забон барои боз ҳам тараққӣ намудани забони миллии тоҷик шароитҳои васеъ фароҳам оварад.

ФОНДИ АСОСӢ ВА ТАРКИБИ ЛУҒАВИИ ЗАБОНИ МИЛЛИИ ТОҶИК

Таркиби луғавии забон калимаҳои мавҷудаи ягон забони муайянро дар бар мегирад ва чигунагии ҳолати забонро дар худ инъикос менамояд. Таркиби луғавии забон тамоми тараққиёти таърихии аҳли ҷамъияти ба ин забон гуфтугӯкунандаро равшан месозад.

Таркиби луғавии забони тоҷикӣ бо таърихи халқи тоҷик, бо роҳи ҳаёти вай, бо шароити зиндагии вай сахт алоқаманд аст. Ҳамаи калимаҳои забони тоҷикӣ, қатъи назар аз он ки маънои конкрет доранд ё абстракт, якмаъноанд ё сермаъно, умумианд ё маҳдуд, терминанд ё экспрессивӣ, архаистианд ё неологизм, ба таркиби луғавии он дохил мешаванд. Таркиби луғавии забон фонди асосии луғавиро низ дар бар мегирад. Муайян намудани фарқи фонди асосӣ ва таркиби луғавии забон, бо аломатҳои фарқкунанда таъин намудани ҳудуди фонди асосӣ аз таркиби луғавии забон масъалаи баҳсталабест, ки бисёр олимони забоншинос солҳои дароз бо ин масъала машғул шуда омадаанд. Баъзе олимони забоншинос устувории нисбии як қатор калимаҳоро ба назар гирифта, ҳудуди байни фонди асосӣ ва таркиби луғавиро муайян карда шуданд ва баъзеи дигар нишонаву аломатҳои дигарро низ пешниҳод карданд. Ба таври қатъӣ ва аниқ муайян карда натавонистани ҳудуди фонди асосӣ нисбат ба ногузирии масъалаи фарқ кардани ҳудуди фонди асосии луғавӣ баъзе муносибатҳои нобовариро низ ба миён овард, як қатор олимон дар лексика ҳеҷ гуна устувориро надида, онро умуман тағйирёбанда пиндоштанд.1 Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар як қатор китобҳои дарсии солҳои охир доир ба масъалаи таъини ҳудуди фонди асосии луғавӣ, аломат ва хусусиятҳои он тавакқуф намудаанд.

1 Ниг. И. В. Арнольд. Лексикология современного английского языка, М, 1959, стр. 311, 316.

пешина
аз 457
навбатӣ