Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
баъд аз, пеш аз, пас аз метавонанд ба шакли «аз дарс пеш», «аз кор пас», «аз ҷанг пеш» оянд.
Пешоянди таркибии ғайр аз ба шакли ба ғайр аз низ истифода мешавад: Мо шоиронем ва ба ғайр аз шоир касеро дар маҷлиси худ роҳ надиҳем (С. Айнӣ, Дар бораи Фирдавсӣ).
Пешояндҳои пеш аз, пас аз ва баъд аз вобаста ба калимаи тобеъшаванда ва феъли тобеъкунанда дар ҷумла ва ё ибора муносибатҳои замониро ифода мекунанд. Пешояндҳои пас аз ва баъд аз ба ҳам муродиф мебошанд. Ин пешояндҳо воқеъ гардидани ҳолате ва ҳодисаеро пеш аз ягон ҳодисаи дигар ва ё пас аз он мефаҳмонанд: Шӯробиҳои дастгиршударо пеш аз ба вагон зада фиристодан ба як хона дароварда буданд (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Ҷузъи номии ин пешояндҳо баъзан ба худ суффикҳоро қабул мекунад, масалан, пештар аз: Пештар аз ид ҳаводорони санъат ба тамошои асари Берестанский «Наташа» даъват мешаванд (Маориф ва маданият).
Пешоянди нисбат ба муносибати шахсеро ба шахси дигар ва ё ба ҳодисае нишон медиҳад: Нафрати ин ҷавонҳо нисбат ба душман зиёдтар гардид (П. Толис, Бародарон).
Пешоянди оид ба дахлдор будан ё нисбат доштани предметро ба предмети дигар мефаҳмонад: Ӯ бо мухбир оид ба масъалаҳои сар дода шудани якумин радифи маснуи Замин сӯҳбат дошт (Маориф ва маданият). Мулоҳизаҳо оид ба имтиҳоноти қабул (Маориф ва маданият).
Пешоянди доир ба... муродифи пешоянди оид ба... мебошад: Як силсила асарҳои илмии идона ба табъ расиданд ва доир ба масъалаҳои муҳими замон сессия ва конференсияҳои илмӣ барпо мегарданд (Маориф ва маданият).
Пешоянди таркибии бахшида ба аз сифати феълӣ ва пешоянди аслӣ иборат буда, бештар дар нутқи публисистӣ кор фармуда мешавад: Чоруми октябрь, дар рӯзи сар шудани замони кайҳонӣ, дар қасри Кремлии съездҳо бахшида ба даҳсолагии дар Иттифоқи Советӣ сар дода шудани радифи дар ҷаҳон аввалин маснӯи Замин маҷлиси аҳли ҷамъияти Москва шуда гузашт (Маориф ва маданият).
Муродифи пешоянди бахшида ба... пешоянди роҷеъ ба... мешавад:
Ҳозирон нақли аҷибу завқовари ӯро роҷеъ ба лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти шоир бо мароқи том шуниданд (Маориф ва маданият).
Пешоянди назар ба муродифи пешояндҳои номии изофии аз рӯи ва мувофиқи буда, тобиши услубии ба худ хос дорад ва аз пешояндҳои мазкур дида абстракттар менамояд:
Назар ба ривоятҳо хосияти чашмаҳои шифои Хоҷа Оби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор