Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Пешояндҳои изофии такрор

Пешояндҳои изофии такрор бо роҳи такрор шудани як гурӯҳи муайяни исмҳо ба вуҷуд меоянд. Пешояндҳои изофии такрор бештар аз чунин исмҳо: қад, лаб, рӯй, сар, пеш, таг, дарун, гирд ташкил ёфта, ба калимаи пешомада бо бандаки изофӣ пайваст мешаванд ва шакли зеринро мегиранд: қад-қади, лаб-лаби, рӯй-рӯйи, таг-таги, дарун-даруни. Пешояндҳои такрории алоҳида ба воситаи садоноки пайвасткунандаи «о» ҳам ташкил меёбанд. Масалан: гирдогирди..., пешопеши... Ба гурӯҳи пешояндҳои изофии такрор аз рӯи вазифаҳои грамматикиашон таркибҳои типи: сар то сари, гирду пеши, гирду атрофи, гирду канори низ дохил мешаванд. Масалан: Сар то сари соҳил, дар доманаи кӯҳи Муғул шаҳри нав, шаҳри зебои социалистӣ бино шудааст (А. Сидқӣ, Фарзанди замон). Ба ин тараф гузар, гирду пеши ӯ аз одам пур буд (П. Толис, Бародарон). Дар гирду канори Ленинобод ҳафт-ҳашт колхозҳои майда-майда барқарор шудаанд (А. Сидқӣ, Фарзанди замон).

Пешояндҳои мазкур мисли пешояндҳои номии изофӣ маънои луғавии худро нигоҳ дошта, бо калимаҳои дигар ба воситаи бандаки изофӣ алоқаи синтаксисӣ пайдо мекунанд. Вобаста бо маънои луғавиашон ин пешояндҳо муносибатҳои масоҳагиро ифода мекунанд. Аз ҷиҳати функцияи грамматикиашон пешояндҳои изофии такрор бо пешояндҳои мувофиқмаънои изофии номӣ умумият доранд, лекин фарқаш дар он аст, ки пешояндҳои такрор аксар ҷараён ва давомнокии амалро нишон медиҳанд. Дар ҷумла ибораҳое, ки бо ёрии пешояндҳои такрор ташаккул меёбанд, ба феълҳои ифодакунандаи ҳаракат (рафтан, гаштан, омадан, тохтан ва ҳоказо) тобеъ мегарданд ва ин феълҳо аксар дар шакли замони давомдор меоянд. Пешояндҳои такрор дар ибораҳо ҳам мустақил ва ҳам бо пешояндҳои аслӣ: дар, ба, бо якҷоя кор фармуда мешаванд, масалан, ба лаб-лаби кӯл, дар лаб-лаби ҷӯй, лаб-лаби рӯд.

Пешояндҳои қад-қади, лаб-лаби сӯйи амалеро мефаҳмонанд, ки бо дарозии предмет ва ё макон равона шудааст: Автобуси хурди чобукрафтор қад-қади рӯди беқарори Варзоб аз тарафи муқобили ҷараёни он мешитофт (А. Деҳотӣ, Чашмасори давоҳои мӯъҷизавӣ). Мо қад-қади қубурҳои оҳанини сиёҳранг аз нишеб ба фароз баромадан гирифтам (А. Деҳотӣ, Ҳаёт қадам мезанад). Мирзораҳим қад-қади роҳи сангфарш ба сӯйи маркази ноҳия мерафт у ба дил меандешид... (М. Шаркӣ, Салламно ба онҳо). Вале ҳангоме онҳо ба роҳҷаме даромаданд, ки танги касногузар буд ва лаб-лаби нишебии калон боло мерафт, падар ӯро аз роҳ боздошт (Р. Ҷалил, Шӯроб). Эҳтимол худат ҳозир шиматро то зону барзада, лаб-лаби ягон

пешина
аз 457
навбатӣ