Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

барои оянда як шартномаи даҳонакӣ бандем (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ниёз гуфт, ки ӯ бо тағояш пагоҳ ба Бухоро ра-вон мешавад (С. Улуғзода, Восеъ). Баргҳои хазон бо чанги роҳ якҷоя дар ҳаво чарх мезаданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Дар ин маъно пешоянди бо феълҳое, ки амали муштарак-ро мефаҳмонанд, кор фармуда мешавад: шиносо шудан, муо-мила кардан, сӯҳбат кардан ва ғайра. Ва бо онҳо хайру хуш карда ба кӯча қадам монд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Бо вай кам-тар сӯҳбат карданӣ шудем (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

  1. Воситаи иҷрои амал: Мақсудҷон ва Тоҳирҷон бо панҷ-шоҳаҳо дастаҳои хори тарро оварда, дар даруни охур андох-та, ҳамвор карданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ин тантанаро бо чашми худ дида ҳамроҳи мо шодӣ мекардед (Р. Ҷалил, Ҳи-кояи Бобо Барот). Аммо Темурмалик бо зарби шамшери бур-ро, тири паррон ва гурзи гарон он занҷирҳоро аз ҳам гусехт (С. Айнӣ, Тирози ҷаҳон). Бо ин автобус бояд духтари вай аз шаҳр бозгардад (С. Улуғзода, Навобод). Мо даст ва рӯямон-ро бо оби хунук, ки дар наздикӣ ҷорӣ буд, шуста ба канори дастурхон нишастем (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Маънои воситаи иҷро бо баъзе исмҳо ба воситаи пешо-янди бо ба таври бисёр абстрактдор ифода мешавад: Баъд бо гуфтаи муаллим дари идораи мактаб кушода шуд. Додо-ҷон бо қарори правления ва маҷлиси умумии колхоз ҳамон меҳмонхонаро ба ҳисоби колхоз гирифта, идораро ба он ҷо кӯчонид (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

  1. Тарзи амал: Бо даҳшати аз одат берун ҳаво гулдур-рос зад (С. Айнӣ, Ғуломон). Бо қаҳр аз наздам хеста рафт (А. Сидқӣ, Фарзанди замон).

Ғайр аз ин пешоянди бо дар маъридҳои зерин кор фар-муда мешавад:

А) барои нишон додани замони амале, ки дар як вақт ва ё паси ҳам воқеъ мегардад; дар ин сурат пешоянди бо беш-тар бо шакли масдари феъл кор фармуда мешавад: Бо ра-сидани чархи ароба ба лаби заҳкаш бо ҳавли ҷон худро ба он тарафи заҳкаш ҳаво додам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Бо дидани ин ҳол либосҳои низомиашро аз тан бароварда, дар канори роҳ гузошт (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Б) барои нишон додани сабаби амал: Шокир бо тафсиши офтоби нимрӯзӣ тобистонӣ ғарқи арақ шуда аз хоб бедор шуд (С. Айнӣ, Ғуломон). Қисми болоии ин ғор бо мурури замон, бо таъсири барфу борон афтода то нимаи тал фуромада бу-дааст (С. Айнӣ, Аҳмади девбанд).

Пешоянди бе

Пешоянди бе набудани касе, ҳодисае ва ё предметеро ни-шон медиҳад ва аз ин рӯ муқобили пешоянди бо мебошад: Мегузарад ӯ нанамуда назар — Бе ҳаяҷони дилу шавқе ба сар

пешина
аз 457
навбатӣ