Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
амал кор фармуда мешавад: Аз кисаи як-дуи онҳо намаки кӯфтаи ба латта баста баромад (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна). Ба оҳистагӣ аз ҷояш хеста, лангон-лангон ба таги дар омада, дарро кушод (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна).
Дар ифодаи воситаи иҷро ё амал ҷои пешоянди ба-ро гирифтани пешоянди бо, ки маънои нахустинаш ҳамроҳиро ифода кардан буд, таърихан ҳодисаи дигар буда, ба давраҳои нисбатан наздики тараққии забони тоҷикӣ характернок аст.
Пешоянди дар
Пешоянди дар ба маънои асосии масоҳагии худ кор фармуда мешавад:
-
Барои нишон додани макони предмет ва ё ҷои вазъияте, ки дар он амал мегузарад. Дар ин диёр ҳаво зуд торик мешудааст (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Он сой дар баъзе ҷойҳо бисёр чуқур аст (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Вай соатҳои даҳ-даҳуми дар маркази район аз машина фаромада буд (Ф. Муҳаммадиев, Муҳоҷирон).
-
Пешоянди дар барои нишон додани замони воқеъ гардидани амал хизмат мекунад: Дар тобистон дар сари кишту зироат козае сохта, бо зану фарзанди хурдсоли худ — Ҳамида кӯҷида мебаромад (А. Деҳотӣ, Ҳамидаи сиёҳбахт). Дар нимаҳои соли 1914 хат омад, ки писараш дар ҷанг нобуд шудааст (Ҷ. Икрорӣ, Духтари оташ).
-
Бо амале машғул ва ё дар ягон ҳолате будан: Маълум мешуд, ки ӯ чизеро дар паси чӯт ва назарҳои оянда — равандагон пинҳон гузошта дар хӯрдан аст (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Дар работи Қилич Халифа занон дар қолинбофӣ машғул буданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар осмони республикаи мо самолётҳои боркашон ва одамдор дар парвозанд (М. Турсунзода). Дар талоши об ҷаҳду ҷадалҳои халқи туркман махсусан шоёни диққат аст (А. Деҳотӣ, Чӯли лабташна, шунав, оби равон меояд).
Пешоянди бар
Пешоянди бар муносибатҳои масоҳагиро ифода намуда, дар вазифаҳои грамматикии худ аксар вақт бо пешоянди ба муродиф мебошад ва монанди он маъно ва вазифаҳои зерин дорад:
- Равона шудани амал ба сӯи предмет ё ба ҷое, бештарин ба сатҳ ё ба болои предмет. Қайд кардан лозим меояд, ки пешоянди бар бештар дар забони адабии китобӣ кор фармуда мешавад ва нисбат ба пешоянди ба тобиши услубии нутқи тантанавӣ дорад. Ин пешоянд дар назм ба таври васеъ дида мешавад. Гар ниҳад по бар заминат, зери по гардад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор