Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

мекардааст) мерасад. Ин пешоянд ба мисли пешояндҳои изофӣ ба худ бандакҷонишинҳо ва баъзе суффиксҳоро қабул карда метавонад, чунончи: бароят, бароякат (муқ. кунед: пешат; пешаки ту). Вале бар хилофи пешояндҳои номӣ барои ҳамчун пешояндҳои аслии содда аз мафҳуми лесикӣ тамоман озод буда, мустақилона кор фармуда намешавад; 3) пешояндҳои соддаи номӣ ва ё изофӣ (пеши..., назди..., рӯӣ..., паси..., баъди..., ғайри...); 4) пешояндҳои номии изофии таркибӣ (ба пеши..., дар назди..., аз рӯӣ..., аз паси..., дар бораи..., дар ҳаққи...); 5) пешояндҳои номии изофии такрор: (пеш-пеши..., таг-таги...); 6) пешояндҳои таркибии ғайриизофӣ, ки аз ҷузъҳои номӣ ва пешояндҳои аслӣ сурат ёфтаанд: пеш аз, баъд аз, пас аз, ғайр аз, назар ба, нисбат ба, доир ба, оид ба.

Пешояндҳои аслии содда ба ғайр аз пешоянди барои ҳама якҷиҷой ва дар байни пешояндҳои дигари забони тоҷикӣ сермаънотаранд. Пешояндҳои мазкур фақат дар аввали калимаву ибора ва таркибҳо омада, ба калимаи минбаъд бе ягон форманти морфологӣ (бандак ва ё ҳиссаҷа) пайваст мегарданд. Пешояндҳои номии содда, таркибӣ ва пешояндҳои такрор бошанд, бо калимаҳои минбаъда ба воситаи бандаки изофӣ алоқаманд мешаванд.

Таркибе, ки дар дохилаш пешоянди изофӣ дорад, зоҳиран, аз назари хусусияти морфологӣ аз ибораҳои номии изофӣ тафовут намекунад. Лекин аз рӯи семантика ва вазифаи синтаксисӣ байни онҳо фарқи калон ба назар мерасад. Дар ибораи номии изофӣ, ки бандаки изофӣ муайяншавандаро бо муайянкунанда мепайвандад, ду аъзои ҷумла мавҷуд аст, ки бо калимаи мустақилмаъно ифода мешавад. Вале дар таркибҳои пешоянддор яке аз ҷузъи он аъзои ҷумла набуда, балки калимаи ёрирасон аст, ки ҳатман савол қабул намекунад.

ВАЗИФА ВА МАЪНОИ АСОСИИ ПЕШОЯНДҲО

Пешояндҳои аслии содда

Ба ин гурӯҳ пешояндҳои қадимтарин дохил мешаванд, ки онҳо бо баромади худ дар забони ҳозира бо ягон ҳиссаи дигари нутқ алоқамандӣ надоранд. Пешояндҳои аслӣ миқдоран каманд: баъзеи онҳо, бештар дар назм, ба тағйироти фонетикӣ дучор мегарданд. Пешояндӣ аз дар назм мувофиқи талаби вазн садоноки аввали худро гум мекунад ва дар ду шакл — зи, з кор фармуда мешавад: Зи ҳар меҳре ба мо меҳри Ватан зӯр (М. Раҳимӣ). Уфуқ з-оташ либоси сурх пӯшад — Фалак оташ барорад, баҳр ҷӯшад (М. Турсунзода, Ҳалқи далер).

Дар назм пешояндӣ ба пеш аз ҷонишини бо садонок оғозшаванда

пешина
аз 457
навбатӣ