Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
нигоҳ дошта, дар айни замон ҳамчун калимаи ёрирасон дар истеъмоланд.
Пайдоиши пешояндҳои аслии забони тоҷикӣ таърихан ба пешояндҳои марҳилаи қадимаи забонамон (забони қадимаи форсию тоҷикӣ) мерасад. Чунончи, баромади пешоянди забони ҳозираи тоҷик аз бо ҳачаи (haca) забони форсию тоҷикии қадим, пешоянди ба бо патий (patiy), пешоянди бар бо упарий (upariy), пешояндӣ дар бо антар (antar), пешоянди бо бо абағ (abay) ва пешоянди то бо йата (yâtâ) алоқа дорад.
Аз рӯи сохти грамматикӣ забони форсии қадим (ё тоҷикии қадим) забони флективӣ ҳисоб мешавад, яъне системаи ҳиссаҳои номии он дорои шаклҳои гуногун буда, ҳамаи онҳо ба категорияҳои ҷинсият, шумора, падеж ва сохти асосҳои феълӣ алоқамандӣ дошт. Пешоянд дар марҳилаи қадимии забони форсию тоҷикии қадим якҷоя бо шакли падежии ҳиссаҳои номии нутқ истифода мешуд ва, зоҳиран, калимаи мустақилмаънои ба зарф монандро хотиррасон мекард, моҳияту вазифаи онҳо дар он вақт баъзан бо мафҳуми моҳияти падеж мувофиқат менамояд, вале дар мавриди дигар танҳо ҳамин моҳияти шаклҳои падеҷиро аниқ мекарду бас. Ин ё он пешоянд бо ҳамаи шаклҳои падеҷии ҳиссаҳои номӣ баробар истифода мешуд. Минбаъд инкишофи тадриҷии забон ба гурӯҳи пешоянду пасоянд гузаштани як силсила зарфҳо, ки дар гузашта бо шаклҳои мухталифи падежҳо кор фармуда мешуданд, ба васеъ шудани маъноҳои пешоянду пасояндҳо ва афзудани моҳияти грамматикии қисме аз онҳо шароити мусоид ба амал овард.
Хусусияти давраи миёнаи инкишофи забони тоҷикиро бо он маънидод кардан мумкин аст, ки дар ин марҳила системаи падежию флективӣ ва категорияи ҷинсият, ки барои давраи қадим хос буданд, аз байн меравад. Шакли флективӣ тадриҷан бо шаклу тарзи аналитикӣ иваз мешавад. Чунин равиш зимнан ба пурқувват гардидани функцияи грамматикии пешоянд оварда мерасонад. Маҳз дар ҳамон давраи миёнаи тараққиёти забон, яъне аз асри III эраи мо сар карда, то асри IX, системаи пешояндҳои аслии забони тоҷикӣ барқарор мешавад, ки он дар забони давраи адабиёти классикӣ (забони форсию тоҷикии нав) боз ҳам инкишоф ёфта, дар забони имрӯзаи тоҷик ҳам боқӣ мондааст. Пешояндҳои забони имрӯзаи тоҷик аз рӯи моҳияту функция ва таркиби овозӣ аз пешояндҳои забони қадим хеле фарқ кунанд ҳам, бо системаи пешояндҳои забони давраи миёнаи тоҷик ҳам миқдоран ва ҳам шаклан бисёр наздиканд. Дар асарҳои давраи миёна пешояндҳои бе (дар забони форсии миёна абё) ва ҷуз дучор омадаанд, ки онҳо ба ҳамин шакл дар асарҳои қадим акс нашудаанд, вале дар забони имрӯзаи тоҷик пешояндҳои мазкур айнан бо ҳамон маънои ибтидой кор фармуда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор