Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

худро мустаҳкам нигоҳ медоранд. Ин хусусияти онҳо имконият намедиҳад, ки сифатҳои феълии замони ҳозираи муайян ба категорияи сифат гузаранд.

Сифатҳои феълии замони ҳозираи муайян баъзан ба вазифаҳои исм меоянд ва ҳамчун исм шакли ҷамъ мегиранд, бо пешоянду пасояндҳо ифода мешаванд: Раис бо кор карда истодаҳотиҳо саволу ҷавоб карда гузашта мерафт (Улуғзода). Анвар, хусусан Сурайё, хостанд, ки бо омадаистодагон гапе назада гузашта раванд (Икромӣ).

Сифати феълии замони оянда

Сифати феълии замони оянда бо ҳамроҳ кардани суффикси -ӣ ба шакли масдар сохта мешавад: хондани, хӯрдани, сарф шудани, гуфтани ва монандӣ инҳо.

Сифатҳои феълии замони оянда, пеш аз ҳама, дар замони оянда воқеъ гардидани амал ва ҳолатро мефаҳмонанд:

Дарсҳои ҳафтаи оянда хонда шуданиро ба ӯ ба хубӣ мефаҳмондам (Айнӣ). Планро як моҳ пештар барзиёд иҷро кардани, ба мусобиқа даъват кардани (Ф. Ниёзӣ).

Дар мисоли зерин маънои замонии сифати феълии замони оянда боз ҳам равшантар ифода мегардад, зеро замони оянда ва замони гузашта дар як ҷумла ба ҳамдигар муқобил гузошта шудаанд: Шабона дарсҳои гузаштаро такрор ва дарсҳои хонда шуданиро тайёр мекардам (Айнӣ).

Сифати феълии замони оянда амалу ҳолат ва хусусияти доимии предметро низ мефаҳмонад:

Даромади аз ин роҳ шудани ба ҳамин асп намерасад (Айнӣ). Моли хоми дар ин корхона сарф шудани: мис, биринҷӣ... буд (Айнӣ). Ин ҳолати бой ба зоғе монандӣ дошт, ки як чашмашро ба устухон ё ба дигар чизҳои хӯрдании худаш дӯзад, чашми дигарашро аз сайёд намеканад (Айнӣ).

Сифати феълии замони оянда дар замони оянда тобишҳои майлу зарурат ва мақсадро мефаҳмонад:

Ҳамаи корҳоро бо мошина, бо электрик кардани аст (Ҷ. Икромӣ). Ҳақиқатан як чизи омӯхтание аст (Айнӣ). Вай гапҳои гуфтание дошт, вай лоақал сабаби дар рӯзи ваъда нарафтанашро ба ӯ фаҳмондание ва аз вай узр хостанӣ буд (Улуғзода). Ман имрӯз шуморо диданӣ ва дарди дил кардание будам (Ҷ. Икромӣ). Падарам бештарин ранги чизҳои бофтаниашро ҳам худ тайёр мекард (Айнӣ).

Сифатҳои феълии замони оянда ҳам гузаранда (сохтанӣ, ташкил додани, иҷро кардани, омӯхтанӣ, диданӣ) ва ногузаранда (омаданӣ, сӯҳбат карданӣ, хоб рафтанӣ, дам гирифтанӣ, рухсат доданӣ) мешаванд.

Сифати феълии замони ояндаи гузаранда амали ба объекти бевосита равонашавандаро ифода мекунад: Ана ин роҳи

пешина
аз 457
навбатӣ