Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
вазифаи синтаксисӣ ба зарф монанд аст. Феъли ҳол шакли тағйирнашавандаи феъл мебошад. Мисол: Носири Хусрав созашро озмоишкунон аз он тараф овозҳои нав ба нав мебарорад (С. Улуғзода). Дар ин ҷумла феъли ҳоли озмоишкунон тарзи фоил ва намуди давомнокро фаҳмонда, аломатҳои феълиро ифода кунад ҳам, ба вазифаи ҳол омада ба зарф наздик мешавад. Феъли ҳоли мазкур пуркунандаи бевоситаро (созашро) низ вобаста карда, хусусияти барҷастаи вобастагии феълиро низ нигоҳ медорад.
Феъли ҳол дар забони тоҷикӣ танҳо як шакл дорад.
СИФАТИ ФЕЪЛӢ
Сифати феълӣ амал ё ҳолатеро мефаҳмонад, ки ҳамчун аломати предмет дар яке аз замонҳо воқеъ мешавад.
Сифати феълӣ чун феъл баъзе хусусияти хоси грамматикӣ дорад.
Сифатҳои феълӣ гузаранда (кашонанда, тамомкунанда, навишташудагӣ, иҷро мекардагӣ, баровардаистода, шуниданӣ) ва монда (раванда, дурахшанда, баромада, шукуфтагӣ, меомадагӣ, тулуъ кардаистода, гузашта истодагӣ, рафтанӣ) мешаванд. Хусусияти гузаранда ва монда доштани сифатҳои феълӣ ба ифодаи категорияи тарзҳои феъл зич вобаста аст.
Сифати феълии гузаранда амалеро ифода мекунад, ки он бевосита ба объект равона шудааст: китоб хондагӣ, мактубро навиштагӣ. Мисолҳо: Ғурриши гӯшро каркунандае карду аз шикамаш сиёҳ-сиёҳ ду бомбаро партофт (Ниёзӣ). Ҷавони дегро овардагӣ аз як гӯшаи он дошта меистод (Ф. Муҳаммадиев). Одами ариза навишта медодагӣ наёфта, ба пеши шумо омадам, — гуфт Пӯлод (Р. Ҷалил).
Сифати феълии монда амал, ҳолат ва ҳаракатро ҳамчун аломати субъект мефаҳмонад: Каси аз дар бароянда як каси қадпаст буд (С. Айнӣ). Қурбоналӣ коргарони дар зери дасти худаш коркунандаро як наҳӯдшӯрпои бегӯшт зиёфат карда ба онҳо гуфт (С. Айнӣ). Аз тарафи пайраҳа аввал садои ханда баланд шуд, баъд худи шахси хандидагӣ ҳам намоён гардид (П. Толис).
Яке сифати феълӣ ҳам гузаранда ва ҳам монда шуда метавонад. Маънои конкрети он одатан дар ҷумла муайян мешавад: Китобро хонда истодагӣ (гузаранда), дар университет хонда истодагӣ (монда).
Баъзе сифатҳои феълии гузаранда ҳамчун ёридиҳанда омада феълҳои таркибии номии гузаранда ва монда месозанд. Ин ҳодиса ба маънои луғавии ҷузъи номии феълҳои таркибӣ низ алоқаманд аст: такрор кардагӣ (гузаранда) — хоб кардагӣ (монда), пешвоз гирифтагӣ (гузаранда) — дам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор