Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
дода дӯзондам (Айнӣ). Барои бе гуфтугӯ ва бе ҷангу хунрезӣ таслим кунонидани душманҳои ҳукумати шӯравӣ як муроҷиатнома аз номи модари амир тартиб додем (Икромӣ).
Хусусияти гузаранда ва монда будани масдарҳо ба ифодаи категорияи тарзҳои феъл бевосита алоқаманд аст.
Масдар дорои категорияи тарз аст. Тарзҳо муносибатҳои гуногуни ба субъект ва объект доштаи амалро ифода мекунанд. Масдар тарзҳои фоил, мафҳул ва миёна дорад.
Масдарҳои тарзи фоил амали гузарандаеро ифода мекунанд, ки бевосита ба объект равона шудааст. Дар ин сурат объект бо пасоянди -ро ва бе он ифода мешавад: Шеър хондан ва онро фаҳмидан осон нест, духтарам (Икромӣ). Ҳар рӯз як ош пухта, як касро зиёфат кардан кори душвор нест (Айнӣ). Баъзан онҳоро ёфта гирифтан ҳам мушкил аст (Икромӣ). Дар ҳангоми аспҳояшонро баста истодани онҳо аз даруни яке аз хонаҳои сиёҳ як зани пирсол баромада омада онҳоро пешвоз гирифт (Айнӣ).
Масдарҳои тарзи мафҳул таркибӣ буда, аз масдарҳои тарзи фоил ё гузаранда бо ёрии феъли ёридиҳандаи «шудан» сохта мешаванд: феъл дар ин ҳол хусусияти гузарандаи худро гум мекунад. Феъли ёридиҳандаи «шудан» нишонаи грамматикии тарзи мафҳули масдар аст. Дар тарзи мафҳул объект соҳиби амал мебошад: Дарвоза кушода шудан замон як нафар савор ба сарой даромад (Айнӣ). Пас аз ғундошта гирифта шудани пӯчоқҳои харбуза ноиб ба рӯи суфа баровардани Ҳамроҳрафиқро амр фармуд (Айнӣ). Аз штаби армия ба телефон даъват карда шудани онро хабар дод (Ниёзӣ). Аз дур, аз ким-кадом гӯша, овози данг-данг зада шудани лаълӣ барин як чиз ба гӯшҳо расид (Деҳотӣ).
Ҳатто худи феълҳои таркибии номие, ки бо феъли ёрирасони «шудан», «гаштан», «гардидан», «ёфтан» сохта шудаанд, тарзи мафҳуланд: ифода шудан, ифода гардидан, ифода ёфтан. Ман ба воситаи узангу ба асп андармон шуда, аз ғарқ шудан раҳоӣ меёфтам (Айнӣ). Салимбой аз пайдо шудан ва гурехта халос гардидани вай хеле дар ташвиш монд (Р. Ҷалил). Мулло ва попҳояшон бо талқиноти дин иғво карда аз як шудан ва ба ҳам пайвастан боз медоштанд (Айнӣ).
Хулоса, дар феълҳои гузаранда ду тарз — тарзи фоил ва мафҳул фарқ карда мешаванд.
Феълҳои монда амалу ҳолат ва ҳаракати субъектро ифода мекунанд, аммо пуркунандаи бевоситаро гирифта наметавонанд, бинобар ин онҳоро тарзи миёнаи масдар меномем: давидан, омадан, хандидан, хобидан, сабзидан: Дар вақти ба хонаи бой омадани мулозими қозӣ ва миршаби туман амлокдор Абдусаттор ҳам дар ҳамон ҷо будааст (Айнӣ). Баъд аз 5 дақиқа ба замин хобидан сар бардошта чорзону нишаст (Айнӣ). Аз кор гашта ба ҳавлӣ даромадан замон чашмам ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо