Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
дӯст доштан, сафед кардан) мефаҳмонад. Масдар шакли тасрифнашавандаи феъл ба шумор меравад.
Масдар замон, шахс, шумора ва сигаро ифода намекунад.
Масдар бо аломатҳои грамматикӣ ва лексикии худ дорои аломатҳои ҳам феъл ва ҳам исм мебошад. Маълум аст, ки баъзе аз исмҳо низ маънои амалро мефаҳмонанд (кӯшиш, омӯзиш, гуфтор, гуфтугӯ, азнавзаргузаронӣ), бо вуҷуди ин байни исм ва феъл фарқи ҷиддӣ мавҷуд аст: агар дар феъл амал ҳамчун процесс ифода шавад, дар исм амал маънои предметӣ мегирад.
Масдар (инфинитив) шакли номии феъл аст, онро исми феълӣ ҳам мегӯянд. Ба хусусиятҳои асосии феъл соҳиб будани масдарро ба эътибор гирифта, онро ба категорияи феъл дохил мекунанд, гарчи мавқеи махсусро ишғол мекунад ва характери дубаҳра дорад.
Дар луғат феълҳо одатан дар шакли масдар дода мешаванд.
СОХТИ МАСДАРҲО
Масдар аз асоси замони гузаштаи феъл ва суффикси -ан сохта мешавад: хондан, дидан, гирифтан ва ғайра.
Масдар аз ҷиҳати сохт се хел мешавад:
-
Масдари аслӣ ё содда: хондан, гуфтан, чидан ва монанди инҳо.
-
Масдари сохта. Масдарҳои сохта ду хеланд: а) масдари сохтаи феълӣ ё префиксинок, ки бо префиксҳо аз масдарҳои аслии дигар сохта мешавад: даромадан, даргирифтан, вохӯрдан, фуромадан; б) масдари сохтаи номӣ, ки ба воситаи суффикси -идан ва ё -онидан аз исму сифат сурат мегирад: номидан, ҷангидан, тезонидан, хушкидан, коллективонидан, механиконидан, мукофотонидан, техниконидан.
-
Масдарҳои таркибӣ низ ду хеланд: а) масдари таркибии номӣ: кор кардан, кишт кардан, як шудан, ханда кардан, истифода бурдан, ба даст овардан, аз худ кардан, аз бар кардан, дам гирифтан, ёд додан, гап задан, хунук хӯрдан, нигоҳ доштан, нест шудан; б) масдарҳои таркибии феълӣ низ ҳастанд: хонда баромадан, расида омадан, хӯрда дидан, даромада мондан, баромада рафтан.
Масдарҳои сохти дигар низ мавҷуданд, ки одатан аз асосҳои замони ҳозираи баъзе феълҳои содда аз нав пайдо шудаанд: коридан (киштан), гардидан (гаштан), хобидан (ҳӯфтан), чиндан (чидан).
Шакли манфии масдар бо префикси феълии на-сохта мешавад. Ҷои ин префикс ба сохти масдарҳо вобаста аст: 1)

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо