Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ифода мекард, дар забони имрӯзаи тоҷикӣ ба маънии нанг, айб, бадномӣ низ истеъмол мешавад.

Ба мо иснод овардӣ (С. Улуғзода, Навобод). Ба ягон аъзои оилае исноде расад (Раҳим Ҷалил, Шӯроб).

Калимаи таманно маънои орзу, ҳавас, хоҳиш, маром, мақсадро ифода менамояд. Дар вақти ҳозира ба маънои такаббур, ҳавобаландӣ, ноз, карашма, ишва низ кор фармуда мешавад:

Нест ҳудуде ба таманнои ӯ, Туршии рӯ, бинии болои ӯ (М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб). Аз таманнои ин чанде пеш оби хуми Намангон ях мекард (Раҳим Ҷалил, Ҳикояҳо). Чӣ ин қадар таманно мекунед? (Ҷалол Икромӣ, Духтари оташ).

Калимаи таклиф дар луғатҳо ба маънии касеро дар ранҷ андохтан ва касеро берун аз андозаи тоқати ӯ кор фармудан ва инчунин ба маънии сахтӣ, душворӣ, ранҷ, азоб, ситам тафсир мешавад. Ҳоло ин калима ба маънии пешниҳод, мурувват, даъват истеъмол меёбад. Мисли ҳамин калимаи меҳнат, ки маъноҳои ранҷ, заҳмат, сахтӣ, бадбахтӣ, хорӣ ва дармондагиро ифода менамуд, ҳоло мутлақ ба маънои кору фаъолият кор фармуда мешавад. Калимаи орият ба замми маънои ҳар чизи мустаор ва муваққатан истифодашаванда ба маънои оркунӣ ва ҳимояи номус истеъмол меёбад.

Калимаҳои арабии иқтибосшуда шаклан хеле кам ба тағйирот дучор шудаанд. Аз калимаҳои арабие, ки дар комплекси овозии онҳо баъзе тағйирот рӯй додааст, ҳаминҳоро номбар кардан мумкин аст: иёл — аёл; хулқум — халқум; луқнат — лақнат; мувосот — мувосо — муросо; мудоро — мудоро — мадоро; муҳобот — муҳобо; афв — авф ва монандӣ инҳо.

Бисёр калимаҳои арабӣ ба забони тоҷикӣ дар шакли ҷамъ гузаштаанд: матбот, ахбор, ахборот, авлод, айём, алвон, анҳор, аҷдод, олот ва ғайра.

Баъзе аз ин гуна шаклҳои арабӣ дар истеъмоли тоҷикӣ суффиксиҳои ҷамъи тоҷикиро низ қабул мекунанд: адабиётҳо, атрофҳо, аҷдодҳо ва ғайра.

Дар забони тоҷикӣ шаклҳои ҷамъи калимаҳои арабӣ, қатъи назар аз он ки онҳо ба тарзи тоҷикӣ низ ҷамъбаст мешаванд, низ кор фармуда мешаванд: ашъор — шеърҳо, анвоъ — навъҳо, авсоф — васфҳо, аврақ — варақҳо, аздод — зидҳо, алфоз — лафзҳо, амсол — масалҳо, ашхос — шахсҳо, олот — олатҳо.

Ба тоҷикӣ баъзе шаклҳои муаннаси арабӣ гузаштааст, ки ҳоло низ ба ҳамин шакл истеъмол мешавад: муаллима, олима, мураббия, котиба, маккора.

Баъзе муаннасҳо фақат ба сифати номи занонаи шахс боқӣ мондаанд: Мастура, Маъмура, Маъсума, Сайёра ва ғайра. Муаннасҳо низ дида мешаванд, ки дар забони ҳозира

пешина
аз 457
навбатӣ