Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

(С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. I). Коваленко бо як пояш лангида, ба ақибаш, сӯи босмачиён тирхоликунон ба тарафи баландӣ баромада истода буд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Омадани шуморо маътал шуда истода будам (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).

  1. Ин шакли феъл дар ҳолати муайяне давом доштани амалро мефаҳмонад, ки дар ин ҳолат зикр ё тасаввур кардани амали дигари замони гузашта шарт нест. Чунончи:

Ман аввалин бор буд, ки дар Бухоро ин гуна одамони зиндадил ва адабиётчиро дида истода будам (С. Айнӣ, Кул-лиёт, ҷ. I). Як қабза мӯйҳои сафедаш аз таги рӯймолчаи сурх, ки ба сараш баста буд ва онро ба муносибати кадом ида дастаи пионерони қишлоқ ба вай тӯҳфа карда буданд, баромада истода буд. — Маълум шуд, ки «КИМ»-чиён дар зарфи 52 рӯз плани худро аз 100 фоиз зиёда иҷро намуда, ...каналро тайёр карда, дирӯз инҷониб ба колхозҳои ҳамсоя-ашон ёрӣ дода истода буданд (Ҳ. Карим, Оқшуда).

  1. Баъзан дар ифодаи маънии грамматикӣ шакли гузаш-таи дури давомдор (муайян) ва гузаштаи ҳикоягӣ муродифи ҳамдигар шуда метавонанд. Чунончи, муқоиса шавад:

Ошпаз палавро дам карда истода буд.— Котиби ячейка бо ду нафар колхозчиён гап зада истода буд (Ҳ. Карим, Оқ-шуда). Рӯзи серкор ва пур аз ташвиш ба охир мерасид (Ҷ. Ик-ромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).— Рӯзи серкор ва пур аз ташвиш ба охир расида истода буд.

Гузаштаи дури давомдори (муайяни) нақлӣ

Замони гузаштаи дури давомдори (муайяни) нақлӣ аз шакли феъли ҳоли (сифати феълии) феъли асосӣ ва феъли ёридиҳандаи истодан дар шакли гузаштаи дури нақлӣ таш-кил меёбад. Тасрифаш чунин аст:

Танҳо

  1. рафта истода будаам
  2. рафта истода будай
  3. рафта истода будааст

Ҷамъ

  1. рафта истода будаем
  2. рафта истода будаед
  3. рафта истода будаанд

Ин шакли феъл тобишҳои маъноии гузаштаи дури давомдор (муайян)-ро ба маънои нақлӣ ифода мекунад ва аз ин рӯ дорои тобишҳои маъноии шакли нақлии феъл мебошад. Масалан:

Шоқул як гургро дидааст, ки як гӯсфандро кафонида хӯрда истода будааст (С. Айнӣ, Ятим). Шумо як асари нав навишта истода будаед. Коргарон ба намоиш тайёрӣ дида истода будаанд.

пешина
аз 457
навбатӣ