Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
будан сиғаи шартиро ифода мекунад. Чунончи: Бо шунидани ин сухан рангу рӯи Гулнор аз ҳиҷолат суп-сурх шуд, агар чашми Ёдгорро андешаи ояндаи сиёҳ торик накардагӣ мебуд, ин ҳолати Гулнорро дида, аз аввал ҳам зиёдтар волаву шайдои вай мегардид (С. Айнӣ, Дохунда).
- Ибораҳои хабарии аз сифати феълии замони оянда ва феъли будан сохташуда гузаштаи дурро бо тобиши сиғаи хоҳишмандӣ ифода мекунанд. Дар ин гуна таркибҳои феълӣ анҷоми замон маълум бошад ҳам, анҷоми амал ва натиҷаи он номаълум аст (гуфтанӣ будам, гуфтанӣ будӣ, гуфтанӣ буд...). Муродифи онҳо бо таркибҳои гуногуни феълӣ омада метавонад. Агар чунин таркиби феълӣ ба таври чида омада бошад, феъли будан одатан бо таркиби охирин оварда мешавад. Масалан:
Дар умри худ аввалин маротиба саргузашти худро ба рафиқонаш нақл карданӣ буд, ки чӣ тавр баъд аз революсия ба гвардияи сурх даромадааст (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ҳа, қиссаи рӯзи истироҳатро гуфтанӣ будам (Р. Ҷалил, Шӯроб). Олим дудила шуда, қариб таклифи саркорро қабул карданӣ буд, ки аз дур аспе шеҳа кашид (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Он шаб бо ҷӯра ва дугонаҳояшон аз рақсҳои тоҷикӣ сар карда, то ҳар гуна рақсҳои европагиро адо карданд, аз музикаи классикӣ ва халқии тоҷикӣ то ария ва симфонияҳои бастакорони номдори рус ва Европоро шуниданӣ, ниҳоят, шабро бо сӯҳбатҳои самимона ва ҳар гуна бозиҳои дилкушои замонишон гузарониданӣ буданд (Ҳ. Карим, Оқшуда).
Гузаштаи дури нақлӣ
Замони гузаштаи дури нақлӣ аз феъли ҳол (сифати феълии замони гузашта бо суффикси -а) ва шакли феъли будан сохта мешавад. Тасрифаш:
Танҳо
- ман рафта будаам
- ту рафта будӣ
- вай рафта будааст
Ҷамъ
- мо рафта будаем
- шумо рафта будаед
- онҳо рафта будаанд
Шакли гузаштаи дури нақлӣ ҳам, монанди гузаштаи дур, амалеро мефаҳмонад, ки пеш аз рӯй додани амали дигар воқеъ шуда анҷом ёфтааст ва натиҷааш низ аён аст. Ин шакл ҳам дар нақли мазмуни сухани дигарон ва ҳам дар хулосабарории мантиқӣ кор фармуда мешавад. Ба кадом маъ-нӣ омадани он дар матн муайян мегардад. Масалан:
Падарам хату савод дошта, дар вақтҳои ҷавониаш чанд сол дар мадрасаҳои Бухоро истиқомат карда будааст. — Мадрасаи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо