Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
марди бадахшонӣ ба хотири мол ё мулк, барои чизи дигар касеро аз ҳаёташ маҳрум карда бошад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Ёдоварӣ: Асоси замони ҳозираи феъли омадан-о ва асоси феъли овардан-ор буда, инҳо дар айни ҳол шакли шахси дуюми танҳои сиғаи амр мебошанд. Ин шаклҳо ҳангоми қабул кардани префикси би- низ ҳамчун асос ба ҳисоб гирифта мешаванд. Шахси дуюми ҷамъ, мисли ҳамаи феълҳои сиғаи амр, бо бандаки феълии -ед (-етон) ифода меёбад: о — оед, биё — биёед; ор — оред; баёр — биёред — биёретон.
Ин ҷо фуруд о! (С. Айнӣ, Дохунда). Ҳа, меҳмон-бародар, биё (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Қалонаш ҳамин будааст, даст гиред, пеши ман биёед, гуфт (Ҳ. Карим, Оқ-шуда).
Шакли инкории сиғаи амр ба воситаи ба асоси замони ҳозира ҳамроҳ кардани префикси на- (баъзан ма-) сохта мешавад. Префикси ма- асосан хоси назм ва зарбулмасалу мақол мебошад. Шакли инкории сиғаи амр низ вобаста ба матн хоҳишу таъкиди нарму навозишкорона ва ё, баръакс, ҷиддият, сарзанишу эътироз ва манъи кору ҳолеро ифода мекунад. Чунончи:
Боз маъзарат мехоҳам, хафа нашавед (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Ту ғам нахӯр, додарҷон (Р. Ҷалил, Шӯроб). Зебӣ, Зебиҷон, гиря накун. Ба болои сӯхта намакоб мапош (Ҳ. Карим, Оқ-шуда). Ором бош, дод мазан, Даша, ман ба Исфара меравам (Р. Ҷалил, Шӯроб). Шумо, Махсумҷон, аз ман субҳа накунед, ман ҳеҷ кори ганда накардаам... беҳтар, ки аз худатон субҳа кунед! (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Худашро дӯсти ману ту вонамуд карда, ҳақор қасам хӯрад ҳам, бовар накун (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Шакли сиғаи амрии феъл баъзан бо ҷонишинҳои шахсӣ (ту, шумо — шумоҳо, шумоён) ва аксар бе ҷонишин истеъмол мешавад. Тобишҳои маъноӣ ва услубии вай, монандӣ аорист, алоқамандона бо шаклу тарзи ифода, маъмуни матн ва оҳанги гуфтор зоҳир мегарданд. Масалан, бо префикси ме- омадани шахси дуюми танҳо (мебош, мерав, мегӯй) фақат ба услуби назм хос аст (ниг. Префиксуои шаклсози феъл). Бо ёрии калимаҳои модалии мабодо, ҳаргиз, албатта маънии лозима махсус таъкид мешавад. Шакли амрии феъли омадан (биё — биёед — биёетон) низ ба маънии модалӣ омада, ҳамин гуна тобиш ба зуҷуд меоварад. Ҳиссачаи -чӣ ҳам ҷилои услубии гуфтугӯӣ пайдо мекунонад. Чунончи:
Мабодо ин гапҳоро аз даҳонатон набароред! — Биёед, суруди модари озод, таронаи модари хушбахти моро бишнавед! (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ин гапҳои пандомезро ҳаргиз фаромӯш накун, додарам! — Ҳамин вақт ба кӯча баромада як давр зада оед-чӣ? (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Шакли амрии феъли омадан (биё, биёед), мондан (мон,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо