Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
маъной омада, маънои сиғавӣ ва ҷилои услубии феълҳоро, хусусан шаклҳои аористро, ошкор месозад ва қувват медиҳад. Масалан, дар сурате ки маънои шарт дар нутқ (ҷумла) ба воситаи оҳанг низ ифода мегардад, пайвандаки агар (дар назм гар, ар) ин маъниро равшантар ва оҳанги суханро равонтар мекунад. Монанди ҳамин, бо пайвандаки то (ба шакли инкории феъл) маънои замонӣ ва бо ҳам маънои хилоф возеҳтар таъкид мешавад:
Фотима имсол институти тиббиро тамом мекард ва ӯ, бешубҳа, хуб медонист, ки агар одам ба автомобил монанд шавад, агар аз ваҷоҳаташ ҳамаи афкору эҳсосоти ӯро донистан мумкин гардад, ҳусн ва латофати ҳаёт хеле мехоҳад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Агар дӯғ зада метавониста бошӣ, рафта ба шариқҳои худат, ба ҳамкосаҳот дӯғ зан, ки онҳо мебардоранд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). То модар аз сари девор гаштаву баргашта фарёд накунад, аз пеши усто амакаш дур намешуд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Калимаҳои модалӣ ва ҳиссачаҳои мон//монед, биё//биёед, бигзор//бигузор, бояд//бояд ки, мебоист, ақаллан, майлаш, кошки//кош, наход//наход ки, канӣ, даркор (фақат дар нутқи гуфтугӯӣ), — чӣ ва монанди инҳо барои ифодаи ҷилоҳои маъноии хоҳишу орзу, таъкиду супориш, зарурат ва лозимот, қатъият ва розигӣ, ҷиддият ва мулоиматӣ хизмат мекунанд. Масалан:
Мон, ки бидонанд: аспбози асил як пояш ба лаби гӯр расад ҳам, аз қатор намебарояд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Биёед, ки ана дар ҳамин харак шинаму аз рӯшноии офтоб, аз ҳӯр-ҳури шамол, аз бӯи ана ин гулҳо баҳравар шавам, ҷигарам (Р. Ҷалил, Шӯроб). Кошки кудурат аз миён бардошта мешуд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Ақаллан боратро ба замин мемондӣ (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ҳам бояд корҳои зиёде анҷом дода шаванд (Тоҷикистони Советӣ). Ман аз аҳволи онҳо як хабар гирам-чӣ?
Феълҳое, ки асосашон аз сифати феълии замони оянда гирифта шудааст, бо маънои грамматикии худ низ ба сиғаи шартию хоҳишмандӣ мансубанд. Ҷузъи асосии чунин феълҳо сифати феълии замони оянда буда, он аз масдар бо иловаи суффикси -й сохта мешавад. Чунончи: рафтанӣ, диданӣ, тафтиш карданӣ, аз назар гузаронданӣ, дида баромаданӣ ва ғайра.
Шахсу шумораи чунин феълҳо дар шакли ғайритасрифӣ бевосита ва бо ҷонишинҳои шахсӣ (ман, ту, вай... хонданӣ), дар шаклҳои тасрифӣ бо бандакҳои хабарӣ (хонданиам//ям, хонданӣ, хонданӣ аст//хонданист) ва бандакҳои феълӣ бо аористи будан (хонданӣ бошам, хонданӣ бошӣ, хонданӣ бошад) ифода меёбад. Феълҳо бо чунин шаклу воситаҳо замони

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо