Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Тасрифи феъли гуфтан дар шакли замони ҳозира-оянда:

Танҳо

  1. ман мегӯям
  2. ту мегӯӣ
  3. вай (ӯ) мегӯяд

Ҷамъ
мо (моён) мегӯем
шумо (шумоён) мегӯед (етон)
онҳо мегӯянд

Тасрифи феъли будан дар шакли замони ҳозира-оянда:

Танҳо

  1. ман мебошам
  2. ту мебошӣ
  3. вай (ӯ) мебошад

Ҷамъ
мо (моён) мебошем
шумо (шумоён) мебошед (етон)
онҳо мебошанд

Феълҳое, ки аз асоси замони гузашта сохта мешаванд, бо бандакҳои феълии зерин тасриф меёбанд:

Шахсҳо

  1. шахси 1-ум
  2. шахси 2-юм
  3. шахси 3-юм

танҳо
-ам
-ӣ
—

ҷамъ
-ем
-ед (-етон)
-анд

Шахси сеюми танҳо бо асоси замони гузашта як аст. Ин қоида барои шахси сеюми танҳои ҳамаи шаклҳои феълии бевосита аз асоси замони гузашта ҳосилшаванда умумӣ мебошад. Масалан:

Тасрифи феъли дидан дар шакли замони гузаштаи наздик (оддӣ):

  1. ман дидам
  2. ту дидӣ
  3. вай (ӯ) дид

мо (моён) дидем
шумо дидед
шумоён дидетон (ед)
онҳо диданд

Тасрифи феъли навиштан дар шакли замони гузаштаи ҳикоягӣ:

Танҳо

  1. ман менавиштам
  2. ту менавиштӣ
  3. ӯ (вай) менавишт

Ҷамъ
мо (моён) менавиштем
шумо менавиштед
шумоён менавиштетон (ед)
онҳо менавиштанд

пешина
аз 457
навбатӣ