Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ҳои воҳидҳои қиёсии ченакӣ меоянд. Дар мисолҳои зерин калимаҳои чимдӣ, похса, ғарам, центнер, сол, тӯб, либосвор, ҷуфт воҳидҳои қиёсии ченакӣ мебошанд.
...бо нӯги ду ангушти дасти ростат аз ин дору як чимдӣ гирифта... ба чашмат мерезӣ (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар як ҷои ин саҳро як работи васеъ, ки атрофаш бо ҳафт похса де-вор печонида гирифта шуда буд, ба назар менамуд (С. Айнӣ, Ғуломон). Аз совхоз шаш ғарам хошок ва даҳ центнер кунҷола харида нисфашро ба фермаи ту дода омадам (С. Улуғзода, Навобод). Одина се соли пурра ба завод кор кард, ҳар чанд музди хизматаш кам буд, азбаски нахӯрд, напӯшид ва сар-факорӣ кард, ба нияти тӯй хеле чиз посира намуд: як тӯб сатин, як тӯб чит, як тӯб суф, ду рӯймоли фарангӣ, як ли-босвор шоҳӣ ва як ҷуфт кавшу маҳсиро пеш-пеш харида дар хӯрҷин ҷой карда монда буд (С. Айнӣ, Одина).
Дар нутқ гоҳо предмети шумурдашаванда ба кор бурда намешавад. Аммо аз контекст чӣ будани шумурдашаванда-предмет равшан маълум шуда меистад:
— Шаст не, ман ҳафтодта медиҳам, ана биёед, мусобиқа мебандем, — сурх шуда, ҳаяҷони истеҳзомезашро бо табассу-ми зӯракӣ пинҳонӣ карда гуфт вай (С. Улуғзода, Навобод).
Дар ин мисол предмети шумурдашаванда пахта (шаст центнер пахта) кӯтоҳ шудааст.
Истифодаи нумеративҳо дар ҷумла шарт нест, аммо дар ҷояш ба кор набурдани калимаҳои қиёсии ченакӣ ба маъ-нии ҷумла халал расонда, онро вайрон мекунад. Масалан, дар мисоли «Донед, ки ман аз ин ҷо бе бист ман ғалла, сӣ сар гӯсфанду буз ва панҷоҳ газ карбос намеравам (С. Улуғзо-да, Восеъ) нумеративи сар партофта шавад, ба маънӣ халал ворид намешавад, аммо калимаҳои қиёсии ченакии ман, газ-ро ба кор набурдан мумкин нест.
Калимаи як дар забони мо хеле серистеъмол ва сервази-фа аст.
Дар мисоли «Зиндагонии Раҳими Қанд хеле танг буд, албатта бо ду танга даромад, ки вай ҳам ҳар рӯз ба даст намедаромад, бо якто нон ва як коса ош, ки онҳо ҳам бо тарзи тасодуфӣ аз тӯйҳо ва зиёфатҳои калон дар ҳафтаҳо ва моҳҳо ба тарзи инъом меомаданд...» (С. Айнӣ, Марги судхӯр), калимаи як шумораи миқдорӣ аст. Гоҳо шумораи як пеш аз сад, ҳазор, миллион меафтад, яъне ба ҷои «яксаду ҳафтод сар гӯспанд, як ҳазору чорсаду ду асп» мумкин аст, «саду ҳафтод сар гӯспанд, ҳазору чорсаду ду асп» гуфт.
Шумораи як дар забони мо ғайр аз шуморагӣ боз дигар вазифаҳоро ҳам иҷро мекунад: ба замин як кард, як ба ман ва як ба ту нигоҳ карда гузашта рафт, як ту омадӣ, як гап зан, як гап зад ки...
Дар он ҷо як бист нафар колхозчиён барои аз ҷӯйбор об баровардан ҷӯй мекофтанд (С. Улуғзода, Навобод). Баъд аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё