Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ИСМҲОИ МУРАККАБИ ТОБЕЪ
Ба тарзи тобеъ ташаккул ёфтани калимаҳо типи сермаҳсултарини калимасозии исмҳои мураккаб мебошад. Дар исмҳои мураккаби тобеъ муносибатҳои гуногуни ҷузъҳо мушоҳида мешавад ва қариб ҳамаи ҳиссаҳои нутқ иштирок менамоянд. Аз рӯи ташаккули ҷузъҳо исмҳои мураккаби тобеъро ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардан мумкин аст:
- Исмҳои мураккаби тобеъ, ки аз ду исм таркиб ёфтаанд. Ин навъи исмҳои мураккаб боз ба ду гурӯҳи калон тақсим мешаванд:
А) Исмҳои мураккабе, ки дар онҳо ҷузъи якум ба ҷузъи дуюм тобеъ мебошад.
Исмҳои мураккабе, ки ҷузъи дуюмашон калимаи асосӣ буда, ҷузъи якум ба вай тобеъ мебошад ва онро аз ягон ҷиҳат эзоҳ медиҳад, дар исмҳои тобеъ мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Ба кадом маъно ва ба кадом вазифа омадани исми мураккаб, чӣ гуна мафҳумро ифода намудани ин асосан ба ҷузъи асосии калима вобаста аст.
Исмҳои мураккабе, ки ҷузъи якумашон ба ҷузъи дуюм тобеъ мебошад, ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд:
-
Исмҳои мураккабе, ки шахсро мефаҳмонанд. Муносибати ҷузъҳои ин гуна исмҳо дар он зоҳир мегардад, ки ҷузъи якум нисбат ба дуюм хусусияти соҳибӣ ва таъинӣ дорад: шогирдпеша, холабача, муллобача, хоназомд, амакбача, ҷигаргӯша, тагобача, саройбонбача, тоҷикдухтар ва ғайра.
-
Исмҳои мураккабе, ки предметро мефаҳмонанд. Дар ин гуна исмҳо ҷузъи якум бештар таъинот, нисбат ба соҳибиятро мефаҳмонад: хортӯда, шаббода, шабнам, ангиштсанг, симэлак, симчӯб, симхор, халачӯб, кадудона, пунбадона, яхоб, қавсоб, чиллаоб, мургкабоб, шолипоя, ғӯзапоя, зерсутун, сангреза ва ғайра.
Исмҳои мураккаби мазкур хеле серистеъмол буда, мисли об, чӯб, дона, замин, санг аз фонди асосии луғавӣ бисёр калимаҳо ҷузъи асосии исми мураккаб шуда меоянд. Ба ин вазифа калимаи нома низ серистеъмол аст. Ба ин калима асосан исмҳои абстракт тобеъ шуда меоянд, ки ин ба маънои луғавии худи калимаи асосӣ вобаста мебошад: муборакнома, созишнома, муроҷиатнома, сулҳнома, намоишнома ва ғайра.
Исмҳои мураккабе, ки номи предметҳоро мефаҳмонанд, инчунин ба воситаи суффиксисои -а, -ӣ, -ак ташаккул меёбанд: мошоба, гармоба, сарборӣ, камонғӯлак:
Миршаб, ки дар асл дар ҳаққи Махдум кинаи сахт дошт, ба болои вай ҳақоратҳои аз ӯ дар рӯзи дастгир кардан шунидааш зам шуда ва фириб хӯрданаш ба болои он кинаҳо сарборӣ гардида, сахт ба ғазаб меояд ва дар паи бераҳмона ниқор гирифтан меафтад (С. Айнӣ, Куллиёт).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё