Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ходимҳо беҳол шуданд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ.) То вақти говгум мо дар болои рельсҳо даводав кардем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Рост мегӯяд, чӣ суд аз он кашокашҳо? (А. Деҳотӣ, Куллиёт).
Ин гуна исмҳои мураккаб бо суффикси -ӣ низ меоянд: занозанӣ, кушокушӣ, часпочаспӣ, муромурӣ, даводавӣ, нӯшонӯшӣ ва ғайра:
Занозанӣ сар шуд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Комиссия ба ҳукумати амир муроҷиат намуда, барои бартараф кардани беморӣ ва муромурии мардуми шаҳр барҳам додан ва аз сари нав ташкил додани ҳар кору ҳар чизеро, ки ба покизагӣ ва нигоҳдории тандурустӣ зид бошад, талаб намуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Аз кушокушиҳои байни подшоҳпарастон ва мухолифони онҳо... қиссаҳои аҷибу ғариб мешунидам (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).
б) Аз исмҳои такрор. Аз исмҳои такрор исмҳои ифодакунандаи мафҳуми макон низ сохта мешавад: гирдогирд, давродавр.
Тамошобинони дари арк ва аҳли баҳр гирдогирди чуқуриро фаро гирифтанд (С. Айнӣ, Ғуломон). ...тамошобинон кам-кам давродаври майдончаро аз баландии иҳота намуданд (С. Айнӣ, Куллиёт).
в) Аз нидоҳои такрор. Аз нидоҳои такрор исми мураккаби ифодакунандаи ҳолат сохта шудааст:
Занҳо ӯро бо хандаю ҳайҳӯй миёнагир мекунанд (С. Улуғзода, Калтакдорони сурх).
3. Исмҳои мураккаби пайваст аз калимаҳое низ таркиб меёбанд, ки бевосита такрор шуда омадаанд:
а) Айнан такрор шудани асоси замони ҳозираи феъл: пурс-пурс, дор-дор, гир-гир.
Яке аз асосҳои такрор дар шакли ҷамъ низ воқеъ мешавад:
«Ғозиён» имшабро бо хандаю бозӣ ва хӯрҳо-хӯр гузарониданд (С. Айнӣ, Ғуломон).
б) Аз асосҳои муқобилмаънои замони ҳозираи феъл:
... равандагони сайр аз он дарвоза даробаро мекарданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман бо муаззин гап мезанам, шояд ба даробарои шумо монеъ нашавад, — гуфтам ман (С. Айнӣ, Куллиёт). Бист соли расо вай ба ин синфҳо даробаро дошт («Садои Шарқ»).
Ҳиссаи дуюми калима дар шакли инкорӣ низ омада метавонад:
...дар бозор кашмакаш карда истодани мову шумо хуб нест (С. Айнӣ, Ғуломон).
в) Айнан такрор шудани асоси замони гузаштаи феъл:
Омадомади бекро шунида гурехта рафтааст (С. Улуғзода, Калтакдорони сурх). Омадомади ту маро дубора ҷавон кард (А. Деҳотӣ, Куллиёт).

пешина
аз 457
навбатӣ