Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
умумӣ ё мафҳумро, ки воҳиди тафаккур аст, муҷассам месозад. Аломати предмет ҳамчун сифат, хислат, муносибат, ҷараён ва ғайра фаҳмида мешавад, ки тафаккури мо онро муайян менамояд. Маҷмӯи аломатҳои предмет мафҳумро ташкил медиҳад, ки ин чиз ба ҷиҳати мантиқии калима тааллуқ дорад.
Калима дорои маънии муайян аст. Маънии калима гуфта мо ба олами предметҳо, ҳодисаҳо, процессҳо ва ғайра муносибат доштани калимаро дар назар дорем. Чунонки маълум аст, мо маънии аслии калимаро, ки ба ибораи дигар маънии луғавӣ низ номида мешавад, аз маънии маҷозии он фарқ мекунем. Маъние, ки бо ном бурдани предмет, ҳодиса, сифат ва ғайра ба вуҷуд меояд, маънии аслии калима номида мешавад, чунки комплекси овозӣ, ки ба воситаи он калима сурат мегирад, бевосита ба ҳодисаи ҳақиқати дар таҷриба омӯхта шудагӣ равона шудааст.
Маънии калима бо мафҳуми калима вобаста аст. Пас мафҳум чист, муносибати он бо маънии калима чӣ гуна аст? Маънии калима ва мафҳуми он баробар меоянд ё не?
Мафҳум категорияи фикр аст, ки ба аломатҳои асосии предмет, ҳодисаҳо умумият медиҳад, яъне мафҳум дар калима ба воситаи маънои он зоҳир мешавад. Мафҳум предметро ба доираи маълуми ҳодисаҳо ҷойгир мекунад, масалан, мо мегӯем: асп ҳайвон аст, бед дарахт аст. Бо вуҷуди ин мо гуфта наметавонем, ки маънии калимаи бед дарахт аст. На ҳамаи калимаҳои забон дар худ мафҳуми ташаккулёфтаи мантиқӣ доранд, вале ҳамаи онҳо бе истисно дорои ягон маъни мебошанд. Ин хулоса на танҳо ба калимаҳои мустақилмаъно, балки ба калимаҳои ёридиҳанда низ тааллуқ дорад. Масалан, агар аз ин нуқтаи назар калимаи (ҳиссачаи) «ку»-ро дида бароем, ба ҳамин хулоса меоем, ки вай албатта маънии муайянеро ифода мекунад, аммо гуфтан мумкин нест, ки ҳиссачаи «ку» дорои ягон мафҳуми умумии мантиқӣ бошад. Ҳатто дар калимаҳои ман, ту, ӯ, Аҳмад, Ҳалима, ки ҳар кадоми онҳо маънии муайян дорад, аз нуқтаи назари мантиқ мафҳуми умумӣ нест. Пас, чунин хулоса бароварда метавонем, ки на ҳамаи калимаҳо мафҳумҳои умумиро ифода мекунанд, гарчи ҳамаи онҳо дорои маъни мебошанд.
Аз тарафи дигар, ҳар як калима ба қобилияти умумияти маъни соҳиб аст. В. И. Ленин маҳз ин хосияти калимаро дар назар дошта, дар «Дафтарҳои фалсафӣ»-и худ зимнан қайд мекунад: «Ҳар як калима (нутқ) худаш умумият медиҳад... Ҳиссиёт ҳақиқатро нишон медиҳад; фикр ва калима бошад — чизи умумиро». Ин фикри худро фаҳмонда истода, Ленин савол мегузорад («Ин? Калимаи муқаррарии умумӣ мебошад»). Ин яъне кӣ? Ман. Ҳама одамон ман... «Ҳамин??

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё