Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
зирак ва маҳмаддоно, байтҳои гуногунвазни маснавиакли, достонмазмун, ба болои дарахту бому деворҳо баромадан ва монандӣ инҳо.
ҶУМЛАИ СОДДА
МАЪЛУМОТИ УМУМӢ
Ҷумлаи содда категорияи махсуси синтаксисӣ буда, аломатҳои хоси грамматикӣ дорад, ки тафовути онро аз дигар категорияҳои синтаксисӣ нишон медиҳанд. Вазифаи асосии ҷумла хусусияти коммуникативӣ ба шумор меравад, маҳз ҷумла вазифаи хабардиҳӣ, маълумотдиҳиро адо менамояд. Предикативӣ ва интонацияи хабарӣ аломатҳои хоси ҷумла мебошанд.
Ҷумлаи содда фикри томро ифода мекунад, вале ҳамаи ҷумлаҳои содда аз ҷиҳати мустақилияти ифодаи фикр як хел нестанд. Масалан, ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаб аз ҷумлаҳои соддаи алоҳида фарқ мекунанд. Инҳо интонацияи махсус дошта, мустақил нестанд, мавҷудият ва истифодаи онҳо ба робитаи дутарафа ё ки чандтарафа вобаста мебошад. Воситаҳои грамматикӣ ва лексикии дохили ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаб номустақилӣ ва ба туфайли ҳамдигар воқеъ гардидани ин гуна ҷумлаҳоро равшан нишон медиҳанд.
Ҳамаи ҷумлаҳои соддае ҳам, ки алоҳида, берун аз таркиби ҷумлаҳои мураккаб омадаанд, аз ҷиҳати мустақилият дар як поя намеистанд. Як гурӯҳ ҷумлаҳои содда дар алоҳидагӣ, берун аз матн маънии матлубро ифода мекунанд, вале гурӯҳи дигар маънии заруриро танҳо дар матн, дар нутқи алоқаманд мефаҳмонанд.
Ҷумлаҳои соддае низ ҳастанд, ки на танҳо аз ҷиҳати ифодаи маъно, балки аз ҷиҳати таркиб ҳам берун аз матн, мустақилона истифода намешаванд, маъно ва сохти грамматикии онҳо ба воситаи матн, ба туфайли ҷумлаҳои дигар муайян карда мешаванд. Мисол:
-
- Хизмати қурбоширо ба ту кӣ мондааст? 2) Асадуллобек писари Мулло Ҳизир-Тӯқсабо аст, ки давлаташ дар ҳафт қишлоқ намеғунҷад. 3) Вай барои давлати падараш меҷангад. 4) Ту, ятимча, барои чӣ милтиқи ӯро бардошта, кӯҳ ба кӯҳу дашт ба дашт гаштаӣ? 5) Ту бо кӣ меҷангӣ? 6) А? 7) Бо ман? 8) Бо Низомиддин? 9) Ё бо командир Караваев? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб).
II. 10) Хӯ-ӯ болотар аз кӯчаи Дӯстии халқҳо наҳрчае мегузарад. 11) Ба ҳамон ҷо бурда, нағзакак мешӯям. 12) Собун катӣ (Ҳамон ҷо).
III. 13) Пешопеши гурӯҳ ба номи кӯчаҳо ва рақами хонаҳо нигоҳ карда, Сафо мерафт. 14) Аз паси ӯ Яъқуб ва чаҳор мутриби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё