Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

доранд: ба муаллим ҷой додан, китобро дар шкаф гузоштан, ҳикоятҳои ман аз хусуси сафар, шиносоии ман бо Горький, хизмати содиқона ба Ватан.

Дар схема тасвири ин ибораҳои мураккаб чунин аст:

Ин ибораҳо аслан дар қолаби ибораҳои дукалимагӣ ташаккул ёфтаанд: ба муаллим ҷой додан — ҷой додан, ба муаллим додан; ҳикоятҳои ман аз хусуси сафар — ҳикоятҳои ман, ҳикоятҳо аз хусуси сафар.

Дар боло танҳо он ибораҳои мураккаб аз назар гузаронида шудаанд, ки аз се калимаи мустақилмаъно сохта шудаанд. Аммо сохт ва ҳаҷми ибораҳои мураккаб фақат бо ҳамин анҷом намеёбад. Миқдори калимаҳои ибора аз се зиёд шуда метавонад, ки як намунааш ибораи дар зераш хат кашидашудаи ҷумлаи поён аст: Устоди бузурги адабиёти пролетарӣ, акскунандаи ҳамаи хислатҳои пурқимати халқи кабири рус дар худ ва дар кори худ — Алексей Максимович Горький симои бузурги фаромӯшнашуданӣ аст (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ибораи мазкур ва амсоли он, сарфи назар аз сераъзогии худ, аз қолаби ибораҳои содда, ибораҳои дукалимагӣ берун намераванд: дар асоси ташкили онҳо низ қолаби ибораҳои дукалимагӣ меистад. Фақат фарқ дар он ҷост, ки дар онҳо бинобар сераъзогии таркибашон ду ё се қоидаи ташкили ибораҳои мураккаб ба тарзи омехта зоҳир мешавад. Аз ин нуқтаи назар, ибораи мураккаби сертаркиби мазкур дар шакли ибораҳои содда ва мураккаби секалимагӣ ин тавр ба ҳиссаҳо тақсим мешавад: акскунандаи хислатҳо, акскунандаи ҳамаи хислатҳо, хислатҳои халқ, хислатҳои пурқимат, халқи рус, халқи кабири рус, дар кори худ акс кардан ва монанди инҳо. Тафсил ёфта ҳаҷман бузург шудани ибораҳои мураккаби сертаркиб беохир нест. Азбаски ибора аз ҷумлаи воситаи номинативии забон ба шумор меравад, ҳудуди вай бо он муайян карда мешавад, ки дар кадом шакле ки ифода ёбад, предмет, сифат ва амалро танҳо номбар менамояду бас. Ин хусусият ҳам барои ибораҳои содда ва ҳам барои ибораҳои мураккаб умумӣ буда, муҳимтарин аломати таъинкунандаи ҳудуди ибораҳои мураккаб ба шумор меравад.

Дар ташкили ибораҳои мураккаб чунин воситаи алоқа низ ба кор бурда мешавад, ки дар ибораҳои содда ба назар намеРасад. Чунончи, ба тарзи чида омадани ҷузъҳои тобеъ: духтарчаи

пешина
аз 312
навбатӣ