Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ИБОРАҲОИ ҶОНИШИНӢ

Ибораҳои ҷонишинӣ ҳам аз ҷумлаи ибораҳои каммаҳсул ба шумор мераванд. Калимаҳои дигарро тобеъ намуда, ибора сохтани ҷонишинҳо асосан дар ҷумла воқеъ мегардад, ки дар ин мавриди онҳо барои равшантар зоҳир намудани маънои худ имконият пайдо мекунанд. Чун калимаи асосии ибора истеъмол ёфтани ҷонишинҳо ба ҳамаи калимаҳои ҷонишинӣ хос нест, фақат қисме аз онҳо ин вазифаро адо мекунанд.

Ҷонишинҳо калимаҳои дигарро бо се роҳ — ба воситаи изофат, пешоянд ва бо роҳи алоқаи ҳамроҳӣ тобеъ мекунанд. Бо бандаки изофӣ исмҳо (мани олим, туй коргар, ҳар кадоми бачагон, ҳамаи колхозчиён, кадоми муаллимҳо), сифатҳо (мани мискин, шумои пир), ҷонишинҳои алоҳида (ҳар кадоми мо, баъзеи онҳо, кадоми инҳо) ба ҷонишинҳои шахсӣ, таъинӣ, саволӣ ва ғайра вобаста мешаванд.

Доираи ташкили ибораҳои ҷонишинӣ басо маҳдуд аст. Аз пешояндҳо танҳо пешоянди аз ба кор бурда мешавад. Дар вазифаи ҷузъи асосӣ дар чунин ибораҳо ҷонишинҳои номуайянии (баъзе, чанд (чанде), кадом (кадове), дигар ва мисли инҳо истифода шуда, муносибатҳои ҷудой (кадоме аз бачагон, баъзе аз раисон), ҳиссагӣ (чанде аз шоирон, қисме аз китобҳо), пуррагию саросарӣ (ҳар кадоме аз онҳо, ҳар яке аз нишастагон) ва амсоли инҳоро ифода мекунанд.

Дар алоқаи ҳамроҳӣ бештар ҷонишинҳои ишоратии ин, он бо ҷонишини таъинии ҳама ибора месозанд. Онҳо одатан дар дохили ибораҳои исмӣ воқеъ мегарданд: он ҳама гапҳо, ин ҳама маълумотҳо ва ғ.

ИБОРАҲОИ ЗАРФӢ

Бо ду зарф сохта шудани ибораҳои зарфӣ маъмул аст: зарфи тарзи амал зарфҳои миқдору дараҷаро тобеъ намуда, ибораҳоеро ташкил медиҳад, ки муносибатҳои ҳолиро ифода менамоянд. Чунончи: хеле оромона, ниҳоят далерона, бисёр мардонавор, андак хӯрдагирона, басо ҷасурона ва м. инҳо.

Зарфҳои миқдору дараҷа баробари тобеъ шудан ба калимаҳои дигар ҳамчунин баъзе калимаҳоро ба худ тобеъ намуда, ибораҳои зарфӣ месозанд. Дар ин вазифа зарфҳои беш, зиёд, кам нисбатан серистеъмол буда, ҷузъи тобеи онҳо шумораҳои миқдорӣ ва калимаҳои баробар, маротиба мебошанд: ду баробар беш, се баробар кам, чор бор зиёд, даҳ маротиба кам ва ғайра.

Зарфҳои дараҷаи қиёсӣ баъзе зарфҳои миқдору дараҷаро тобеъ намуда, ибора месозанд, ки ин гуна ибораҳо муносибатҳои муайянкунандагӣ-миқдориро ифода менамоянд: андаке сусттар, дучанд зиёдтар, каме сонитар.

Дар сохтани ибораҳои зарфӣ зарфҳои замон низ иштирок

пешина
аз 312
навбатӣ