Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

шарҳу эзоҳи иловагӣ эҳтиӯҷманд аст. Аз ҳамин ҷост, ки вай бо калимаи тобеи худ алоқа баста, тарҳу қолаби ибораҳои муҳталифро сурат медиҳад: хонаи мо, хонаи нав, хонаи хуб, хонаи чӯбин ва амсоли инҳо.

Агар ба калимаи асосии ибора дар як вақт чанд калима тобеъ шуда ояд, қолаби ибораҳо ранги мураккаб мегирад. Чунончи, ҳикояҳои ман — ибораи содда — ҳикоятҳои ман аз аҷоиботи шаҳри Тошканд — ибораи мураккаб аст: Ошноӣ бо аскарони сурх, ҳикоятҳои ман аз аҷоиботи шаҳри Тошканд ва хубиҳои мактаби нав як қадар фикри Солеҳро кушод (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). (Дар ин хусус дар поён муфассалтар сухан хоҳад рафт).

Бо калимаҳои дигар пайванд гардида, ибора сохтани калимаҳои мустақилмаъно аз ҷиҳати ҳаҷм ва имконият дар ҳамаи ҳиссаҳои нутқ як хел нест. Дар забони тоҷикӣ исм ва сифат дар ин бобат дорои имконияти бештаре мебошанд.
Онҳо дар таркиби ибора маъниҳои ниҳони худро барҷаста зоҳир намуда, дар такмили доимии забонамон шароит ва имкониятҳои бузург фароҳам овардаанд.

Дар такмили ибораҳои номии исмӣ, инкишофи сохту маънои онҳо сифат ва сифати феълӣ роли калон бозидаанд. Сифат ҳам дар шакли содда ва ҳам дар шакли сохтаву мураккаб ҷузъи тобеъкунандаи худ — исмро ҳартарафа тавзеҳ намуда, бо ин ба сифати феълӣ, ки дар бисёр бобатҳо бо вай ҳамвазифа мебошад, таъсир расондааст. Дар айни замон сухан дар бораи ихтисор ва ихчам шуда ба сифат наздик гаштани сифатҳои феълӣ меравад, ки дар натиҷа сохту маънои ибораҳои номӣ такмил ёфтааст.

Ибораҳои сифати феълӣ, ки ба ҷумлаи пайрави муайянкунанда шабоҳат доранд, аз ҷиҳати доро будан ба баъзе хусусиятҳои феълӣ дар ибтидои ташкили сохти мураккаби худ пуркунанда ва ҳолҳои гуногунро ба худ тобеъ карда бошанд ҳам, дар давраҳои минбаъда бо тақозои майли мӯъҷазшавии забон дар баъзе ибораҳо дараҷа ба дараҷа ихтисор шуда, як қолаби махсуси ибораҳои номиро ба вуҷуд овардаанд. Ихтисоршавии ибораҳои исмӣ бо сифати феълӣ ба тарзи зерин воқеъ мешавад.

  1. Сифати феълӣ, ки дар дохили ибораи исмӣ аслан ҷузъи тобеъ буда, дар ибораҳои мураккаб ба худ ҷузъи тобеъ гирифтааст, меафтад. Дар натиҷа тамоми калимаҳои ибора ба калимаи тобеъкунандаи он нигарон шуда, якҷоя мафҳуми мураккаби яклухтро ифода мекунад. Масалан: суфаи дар таги сада, дудкаши аз хишт... ...дар суфаи таги сада модаркалонам монандӣ ҳамеша танҳо нишаста чарх мересид (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Сахтии зарбаро аз ҳамин ҳам қиёс кардан мумкин аст, ки дудкаши аз хишти пухта аз миёнаш шикаста парида рафтааст (С. Айнӣ, Куллиёт).

Дар мисолҳои поён ибораҳои қаровулхонаи назди анбор, бодҳои дар шитоб низ ба ҳамин қоида дохил мешаванд: Командир

пешина
аз 312
навбатӣ