Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
гардидаанд: дар асри бист зиндагӣ кардан, дар асри дигар зиндагӣ кардан, дар панҷ дақиқа хонда баромадан. Дар вақти таҳлили аъзоҳои ҷумла ҷузъи ин ибораҳо ҳамчун ҳоли замон маънидод шуда, дар хусуси тафовутҳои маъноии онҳо аз ҳамдигар қариб чизе гуфта намешавад. Баръакс, дар вақти аз ҷиҳати ибора таҳлил намудани онҳо, фарқи маъноии ҳар як ибора, воситаи ифодаи онҳо бо диққат аз назар гузаронида мешавад. Масалан, гуфта мешавад, ки ибораи дар асри бист зиндагӣ кардан вобаста ба исми аср, ки давраи муайянеро ифодаменамояд, қисмати вақтеро ифода мекунад, ки амал дар тӯли он ба вуқӯъ пайвастааст. Ибораи дар асри дигар зиндагӣ кардан низ дар давраи муайян иҷро шудани амалеро ифода менамояд, аммо ин амал бо вақти дигар, яъне асри дигар алоқаманд мебошад. Дар ибораи сеюм, ки исми замон бо муайянкунандаи миқдорӣ омадааст, ибора амал ва замонро ифода кардааст, ки дар давоми он ин амал содир шудааст.
МУНОСИБАТИ СИНТАКСИСИИ ҶУЗЪҲОИ ИБОРА
Калимаҳое, ки ба ҳайати ибора дохил мешаванд, байни худ муносибатҳои мухталифи маъноию синтаксисӣ доранд. Ин муносибатҳоро ба тарзи умумӣ ба се гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст.
а) Муносибати муайянкунандагӣ (атрибутивӣ). Хусусияти ин гурӯҳ чунин аст, ки ҷузъҳои тобеъ сифат ва хосияти тобеъкунандаҳои худро ҳамаҷониба шарҳу эзоҳ дода, муайян менамоянд: гули сурх, насими баҳор, нони Самарқанд, каллаи афлотунӣ, китфи рустамона ва м. инҳо.
б) Муносибати пуркунандагӣ (объектӣ). Ин муносибат дар хусуси муносибати амали феълӣ ба мафҳул — объекти ҷумла баҳс мекунад: ба дарс даромадан, муаллимро дидан, китоб хондан, ба модар гуфтан ва ғайра.
в) Муносибати ҳолӣ. Доираи ин муносибат васеътар буда, маъноҳои бештареро фаро мегирад. Чунончи, замон (дар баҳор шукуфтан, баъди як сол омадан), макон (ба мактаб рафтан, аз синф баромадан, дар курорт вохӯрдан), сабаб (аз хурсандӣ хандидан, аз шамол афтидан, бинобар касалӣ наомадан), мақсад (барои хондан рафтан, касдан наомадан) ва м. ин.
Ин муносибатҳо гоҳо ба тарзи омехта низ воқеъ мегарданд. Масалан, муносибатҳои муайянкунандагӣ-ҳолӣ (фарёди мастона, шӯхиҳои шӯрапуштона, сайҳати Фарғона, мулоҳизаи бисёр, суханҳои пай дар пай), муайянкунандагӣ-пуркунандагӣ (тағйири либос, дидани бародар, хондани китоб), пуркунандагӣ-ҳолӣ (дар портфел нигоҳ доштан, дар пиёла гузоштан) ва м. ин.
Маъноҳои иловагӣ дар ҷумла намоён мешаванд. Масалан, ибораи андешаи додарамро мегирем, ки дар ҷумла ба замми маънои муайянкунандагии муносибати объектиро низ ифода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё