Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
он иҷро мекунад. Ба ин маънӣ, вай аз замон, сиға, шахс, модалият барин категорияҳои синтаксисӣ, ки якҷоя хусусияти асосии ҷумла — хусусияти хабарӣ — предикативии онро ташкил медиҳанд, озод аст.
Далели дигар ин аст, ки як феъл метавонад: калимаҳои гуногунро тобеъ намуда, ибораҳои нав ба вуҷуд оварда, вобаста ба ин хусусиятҳои гуногуни лексикию семантикӣ зоҳир намоянд. Масалан, феъли баромадан чунин ибораҳои феълиро ташкил медиҳад: аз хона баромадан, аз роҳ баромадан, аз гор баромадан, аз ҳабс баромадан, боло баромадан ва м. ин. Табиист, ки дар чунин мавридҳо агар ҳиссаи асосии ибора — феъл дар шакли масдар дода нашавад, калимаи баромадан маҳз дар як ибора маҳдуд мемонад.
Аммо ин гуфтаҳо ҳангоми тадқиқ дар шакли тасрифӣ зикр кардани ибораҳои феълиро аз байн намебаранд. Сабабаш дар он аст, ки ибораҳо аслан дар таркиби ҷумла ба вуҷуд омада, бо вуҷуди хусусияти номинативӣ гирифтан ин имконияти худро дар бобати табдил ёфтан ба шакли ибтидоӣ тамоман аз даст намедиҳанд. Маҳз барои ҳамин ҳам акад. В. В. Виноградов гуфтааст: «Табиист, ки ба системаи шакли ибораҳои феълии философияро омӯхтан, бо сурудхонӣ шуғл кардан, ба рафиқ ҳамдард шудан ва ғайра шакли предикативии онҳо — философияро меомӯзем, бо сурудхонӣ машғул мешавем ва монанди инҳо низ дохил мешаванд, аммо ҳамчун материали потенциалӣ (билкувва, имконпазир) барои сохтани ҷумла дохил мешаванд, зеро ибора интонатсияи хабарӣ надорад ва категорияҳои нисбии мубтадо, хабар ва дигар аъзоҳои ҷумла ба вай бегонаанд. Проблемаи ба ҳам пайвандшавии предикативии калимаҳо на ба назарияи ибора, балки ба таълимоти оид ба ҷумла дахл дорад 1.
Аз ин нишондоди акад. В. В. Виноградов фарқи дигари ибора аз ҷумла, яъне баръакси ҷумла аз интонатсияи хабарӣ маҳрум будани ибора, равшан мегардад. Инро мо дар мисоли ҷумлаҳои унвонии ду-се калимагӣ, ки аз ибораҳои номӣ ба вуҷуд омадаанд, ба хубӣ муоина менамоем: Доманаи кӯҳ, замини ҳамвори фарох, дар миёнаҳои ин ҳамворӣ қишлоқи И... воқеъ буд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Аъзоҳои чидаи ҷумла низ ба ибора дохил намешаванд, зеро дар байни ҷузъҳои онҳо на муносибати тобеъ, балки муносибати баробарӣ, муносибати пайваст мавҷуд аст. Аз ҳамин сабаб дар ҳайати аъзоҳои чидаи ҷумла шумораи калимаҳо, бар акси шумораи калимаҳои таркиби ибора, метавонад панҷ ҳам афзояд. Мисол, мубтадои ҷумлаи зерин аз дувоздаҳ исм иборат мешояд. Агар мехост, нависанда ин миқдорро боз ҳам зиёд карда метавонист. Қасрҳо, кӯшқҳо, кохҳо, саройҳо, корвон-
1 Граматика русского языка, т. II, синтаксис, ч. II, изд. АН СССР, Москва, 1960, стр. 11.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё