Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

се рӯз боз хоб рафтан, омадан замон ба кор сар кардан, дидан ҳамон шинохтан.

Пайвандак. Пайвандакҳо муҳимтарин воситаи алоқаи калимаҳо ва ҷумлаҳо мебошанд. Пайвандакҳо пайвасткунанда ва тобеъкунанда мешаванд. Пайвандакҳои пайвасткунанда дар алоқаи калимаҳову ҷумлаҳо, вале пайвандакҳои тобеъкунанда танҳо дар алоқаи ҷумлаҳо хизмат мекунанд. Пайвандакҳои пайвасткунанда ба се гурӯҳи калон: паиҳам, ҷудой ва хилофи ҷудо мешаванд. Пайвандакҳои пайвасткунанда аъзоҳои ҷидаи ҷумларо ба ҳам пайваст менамоянд ва нишондиҳандаи муносибатҳои синтаксисии онҳо мебошанд:

Падару писар ба сайри саҳро баромаданд. Ҷавон каланд ҳам мезад, пахта ҳам мечид (С. Улуғзода, Навобод). Нуралӣ шитоб дошт, вале ӯро ёфта натавонист (С. Улуғзода, Навобод).
Ба ин замин ҷав мекоранд ё гандум? (С. Улуғзода, Субҳи чавонии мо).

Пайвандакҳои пайвасткунанда ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайваст ва ҷумлаҳои пайрави ҷидаи таркиби ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркибро низ мепайванданд:

Дилбар аз хона баромаду модараш омад. Шодӣ рафтани шуд, вале дигарон намонданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Аз ҳамин дам сар карда ман ба ту ака ва ту укаи ҷонии ман ҳастӣ (Р.
Ҷалил, Шӯроб). Ё ғӯзаи бой баркашида додагӣ аз як ман кам, ё ба ғӯза ғӯзаи паст ҳамроҳ шудааст (С. Айнӣ, Ғуломон). Азбаски ӯ аз ман калон буд ва ман ӯро ҳурмат мекардам, дар пеши мардум ӯро дастгирӣ кардам («Садои шарқ»).

Пайвандакҳои тобеъкунанда ҷумлаи пайравро ба сарҷумла тобеъ менамоянд. Ин пайвандакҳо ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: муштараквазифа ва хосса. Пайвандакҳои муштараквазифа барои ба сарҷумла тобеъ намудани ду ва ё зиёда ҷумлаҳои пайрави гуногун истифода мешаванд, пайвандакҳои хосса танҳо бо як хели ҷумлаҳои пайрав меоянд. Масалан, пайвандаки ки ба сарҷумла ҳамаи навъҳои ҷумлаи пайравро тобеъ мекунад, дар алоқаи ҷумлаҳои пайрави мубтадо, хабар, муайянкунанда ва натиҷа ба сарҷумла танҳо пайвандаки ки истифода мешавад. Пайвандакҳои чун, то, то ки, модом ки, барои он ки, барои ин ки низ муштараквазифа мебошанд.

Ҷумлаҳои пайрави тарзи амал, миқдору дараҷа, монандӣ, сабаб, мақсад, замон, макон, шарт, хилоф дорои пайвандакҳои хосса мебошанд, ки онҳо танҳо ҷумлаҳои пайрави алоҳидаро ба сарҷумла тобеъ мекунанд ва дар ифодаи муносибатҳои синтаксисӣ ва таснифоти ҷумлаҳои пайрав ёрӣ мерасонанд.

Пайвандакҳои тобеъкунанда ҳамеша бо ҷумлаи пайрав меоянд. Азбаски ин пайвандакҳо ҷумлаҳои пайравро ба сарҷумла тобеъ мекунанд, ҷои онҳо асосан аввали ҷумлаи пайрав аст.
Вобаста ба услуби нутқ, оҳанги ҷумла, таъкиди ягон аъзои ҷумла ва ё ифодаи тобишҳои иловагӣ пайвандак гоҳо дар бай-

19

пешина
аз 312
навбатӣ