Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
хилоф. Таснифоти дохилии хелҳои гуногуни ҳол ба муайян кардани аъзоҳои чидаи ҷумла ва нишон додани хусусияти грамматикии онҳо низ ёрӣ медиҳад. Дар як ҷумла омадани якчанд ҳоли макон имконпазир аст, вале ин ҳамеша боиси чида шудани онҳо намегардад. Маълум аст, ки ҳоли макон муносибатҳои гуногуни макониро ифода карда, ба панҷ хел ҷудо мешавад ва ҳар кадом аз ҷиҳати муносибат ва воситаҳои грамматикии ифода фарқ мекунанд. Масалан, дар ҷумлаи Ӯро аз қишлоқ то истгоҳи роҳи оҳан рафиқонаш гуселониданд (Раҳим Ҷалил) ҳолҳои аз қишлоқ ва то истгоҳи роҳи оҳан ба ибтидои макони саршавии ҳаракат ва ба интиҳои он далолат мекунанд, бинобар ин ҳолҳои мазкурро чида номидан мумкин нест. Маънои он ҳолҳои макон ва воситаи алоқаи онҳо ба хабар як хел нест; дар байни худи аъзоҳои чида ҳам муносибати пайвастӣ дида намешавад.
-
Ҷумлаҳои соддаи яктаркиба аз ҷиҳати сохт, таркиб ва ифодаи маъно баробари баъзе аломатҳои муштарак тафовути муайяне доранд. Умумияти ҳамаи ҷумлаҳои соддаи яктаркиба, ки боиси дар як гурӯҳ муттаҳид шудани онҳо гардидааст ва бо ҷумлаҳои дутаркиба оппозицияи грамматикиро ташкил менамоянд, аз он иборат аст, ки дар ташаккули онҳо яке аз сараъзоҳои ҷумла иштирок мекунад. Ин гурӯҳи ҷумлаҳо қонунияти хос дошта, дар тӯли таърихи замон ба вуҷуд омаданд ва тадриҷан ба шакли қолиби муайян даромадаанд.
-
Ҷумлаи мураккаб аз ҷумлаҳои содда ташаккул меёбад.
Аммо ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккабро ба ҷумлаҳои соддаи мустақил баробар дониста, дар қиёси онҳо таҳлил кардан мумкин нест. Ҷумлаҳои содда дар таркиби ҷумлаҳои мураккаб мустақилияти интонационии худро тағьир дода, шаклу структураи худро ба сохти грамматикии онҳо мувофиқ намуда, ба ҷузъи воҳиди мукаммали синтаксисӣ табдил меёбанд. Алоқаи маъноӣ ва синтаксисии ҷузъҳои таркибии ҷумлаҳои мураккабро пайвандакҳо, мутобиқати шаклҳои феълӣ, калимаҳои ҳамнисбату нисбӣ, интонация, тартиби ҷойгирии ҷузъҳо барин воситаҳои грамматикӣ таъмин мекунанд.
Дар муайян намудани муносибати ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаб ва таснифоти ҷумлаҳои пайрав муносибати шакливу маъноии ҳиссаҳои онҳо, воситаҳои грамматикии алоқа аҳамияти махсус доранд.
- Ҷумлаҳои мураккаби бепайвандак хусусияти хоси грамматикӣ доранд ва бо ҷумлаҳои мураккаби пайвандакдор хусусияти синонимӣ зоҳир мекунанд. Дар байни онҳо баъзан кор
фармудани ягон пайвандаки пайвасткунанда ё тобеъкунанда
имконпазир мешавад, вале ин на ҳамеша муяссар мегардад,
чунки пайвандак на танҳо барқароркунандаи робитаи ҷумлаҳои содда, инчунин нишондиҳандаи муносибати онҳо ба шумор
меравад. Барои алоқаи ҷумлаҳо на танҳо пайвандак, балки калимаҳои ҳамнисбат, шаклҳои феълӣ, воситаҳои лексикии забон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё