Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҲИКОЯҲОИ ДАҲАНАКӢ

БАҲСИ ИЛМӢ

Шоравон Ҳабибулло Файзулло бо чанде рафиқони худ ба зодгоҳаш меояд. Онҳо рўзона дар атрофу акнофи деҳа гаштугузор намуда, шабро дар хонаи модари Ҳабибулло мегузаронанд.
Модар ба хотири меҳмонон дастархони пурнозу неъмат меорояд. Ҳатто рафиқони писарам хурсанд шаванд гуфта, мефармояд, ки аз мағоза чор– панҷ шиша арақ оранд.
Хуллас, дере нагузашта базм метафсад… Як поси шаб кайфи меҳмонон баланд шуда, оҳанги гуфторашон тағйир меёбад. Аснои моҷаро баъзеҳо худро дошта наметавонанд ва аз даҳонашон суханҳои носазою таҳқиромез мебарояд.
Рўзи дигар модар аз Ҳабибулло мепурсад: шаб ба меҳмонон чӣ шуд, ки ниҳоят бесаранҷом буданд, ба ҳамдигар навбат надода, беибо ва баланд– баланд гап мезаданд.
– Эътибор надиҳед, – мегўяд Ҳабибулло. – Онҳо ҳама олиманд ва шаб андак баҳси илмӣ карданд.
– Баҳси илмӣ?– ҳайрон мешавад модар. Вай чӣ хел илм аст, ки дар борааш бо дашному ҳақорат баҳс мекунанд?!.
01. 05. 1995.

НАМЕДОНАМ

Соли 1992. Аввали шаб. Ҳаракати нақлиёт кайҳо қатъ гардидааст. Шоирон Саидалӣ Маъмур ва Гулназар Келдӣ сархушона қадам зада, аз ҷашни мавлуди кадом як ҳамқалами худ меоянд.
Дар маҳаллаи Қарияи Боло воқиаи хилофи чашмдоште рўй медиҳад. Дар кўчаи холию беодам ногаҳон як гурўҳ ҷавонон пайдо мешаванд ва Гулназарро миёнагир карда, бо як овоз талаб менамоянд, ки нимтанаи чарминашро аз тан кашад.

пешина
аз 231
навбатӣ