Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Илоҳӣ, мурғат дар катаки ҳамсоя тухм кунад!
Илоҳӣ, дурўғат рост барояд!
Илоҳӣ, депутат шавӣ!
Илоҳӣ, СССР– ат барҳам хўрад!
Илоҳӣ, аз полизат буттаи нашъа ёбанд!


Холаи Маҳтоб аз идораи колхоз меомад, дар назди ҳавлии усто Рўзӣ шоҳиди моҷарои сахт гардид. Писари усто– Ҷаббор дар хашм буд ва дам ба дам ба гиребони падар мечасчпид.
Кампир муддате ба ҳаракатҳои Ҷаббор зеҳн монду роҳашро идома дод.
Дар хона ў гуфт, ки аз Ҷаббор раиси зўр мебарояд.
– Кадом Ҷаббор?– ҳайрон шуданд. – Писари усто Рўзӣ?. .
– Ҳо. Нав гиребонгириашро дида, ба ин бовар кардам…

ЛАТИФА

Баргаштабахт дилсияҳеро ба рўзгор,
Аз кимиёи лутф табе булаҷаб расид.
В– он гаҳ сиёҳ шуд рухи ў мисли дегдон,
Яъне ки ранги дил– ш ба рў аз тааб расид.
(Ин моҷаро, ки ҳеҷ надорад ба худ назир,
Чун нақшае зи ханда ба ҳар ғунчалаб расид).
Диданд рўи ўву барафрўхтанд шамъ,
Бар занни он, ки рўз сафар карду шаб расид…

пешина
аз 231
навбатӣ