Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Тарабхона! Зиёфат!. . – тўтивор такрор мекард ў.
Саидумар ноилоҷ монд ва дўстонро ба тарабхона ҳидоят намуда, зиёфати дакаданг доду ниҳоят ба Тоҳир гуфт: «Хайр, акнун шунавем».
– Чиро?– хамёза кашид Тоҳир, ки аллакай аз коняк лаззат бурда буд.
– Номро!– алав афтид ба дили Саидумар. – Номи нағзро!. .
– Ҳ, – сафедии чашмонаш бештар гардида, оруғ зад Тоҳири Асомиддин. – Номи ғайриоддӣ, машҳуру зебо ва ба Фаридун ҳамқофия. Ҳамту не?
– Ҳамту, – бесаброна миҷҷа зад Саидумар.
– Ин тавр бошад, қаламу коғаз гирифта, навис, ки аз ёдат набарояд: Мао Сзе Дун…
05. 01. 1996.
ДОРУ НЕСТ
Ҳоло аз кор баромадани хати троллейбус ва дар ин ё он кунҷи шаҳр як– ду моҳ қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт як ҳодисаи муқаррарист.
Боре дар самти шарқии Душанбе ҳаракати нақлиётӣ қатъ гардид ва сокинони маҳаллаҳои километри ҳафтуму нуҳум ва шаҳраки 191 муддати мадиде пиёда ба маркази шаҳр рафта меомаданд. Дар ҳамон рўзҳо рўзноманигор Ансори Шоҳмирзо ва адиби ҳаҷвнигор Н.
чанд рўз ҳамроҳ пиёда ба хона мераванд.
Ансор ду рўз ҳеҷ чиз намегўяд, яъне дар сабру таҳаммул ҷасорат нишон медиҳад. Вале рўзи сеюм… ба хориши забон тоб наоварда, ба такаллум медарояд, яъне: чанд рўз аст онҳо аз пеши хонаи Н. мегузаранд, аммо вай боре ҳам ақаллан барои зебаш ўро ба як пиёла чой даъват наменамояд. Н. оҳи бадард мекашад, яъне: аз ин худи вай ҳам дар хиҷолату хуни дил мехўрад, вале чӣ илоҷ: ба чунин даъват имкон нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё